Амали бевоситаи Конститутсия
Амали бевоситаи Конститутсия - усулест, ки мувофиқи он меъёрҳои Сарқонун новобаста ба мавҷудияти қонунҳои тафсилӣ бевосита амал мекунанд. Амали бевоситаи Конститутсия инчунин онро ифода мекунад, ки шахс метавонад оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба суд муроҷиат намояд. Одатан ин усул дар қонунҳои асосӣ хеле мухтасар ифода карда мешавад (масалан, «ҳолатҳои Конститутсия бевосита амал мекунанд» - банди 3 м.5 Конститусияи Булғория соли 1991). Барои татбиқи амали бевоситаи Конститутсия меъёрҳои Сарқонун, ки вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро ба танзим меандозанд, аҳамияти хоса доранд (масалан, «Ҳуқуқҳоӣ асосии зерин барои ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва адолати судӣ ҳамчун ҳуқуқи бевосита амалкунанда ҳатмӣ мебошанд» - банди 3 м. 1 Қонуни Асосии ҶФО соли 1949). Боз ҳам батафсил танзим додани ин усул маълум аст (масалан, мувофиқи м.8 Конститутсияи Украина соли 1996 «Муроҷиат ба суд барои ҳимояи ҳуқуқу озодии конститутсионии инсон ва шаҳрванд бевосита дар асоси Конститутсия кафолат дода мсшавад»). Дар Конститутсияи ҶТ соли 1994 мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия дар боби «Асосҳои сохтори конститутсиони» ҷоӣ дода шудааст(м.10).[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.38