Амали Қонуни мурофиавии гражданӣ дар доираи шахсон

Амали Қонуни мурофиавии гражданӣ дар доираи шахсон - меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ барои ҳамаи шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо новобасга аз шакли моликияташон ҳатмӣ мебошад. Қонуни мурофиавии граждании ҶТ инчунин ба хориҷиён, шахсони бешаҳрванд, корхонаҳои хориҷии дар қаламрави ҶТ буда паҳн мешавад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд ба судҳои ҶТ муроҷиат намоянд ва баробари шаҳрвандони ҶТ аз ҳуқуқҳои мурофиавии гражданӣ истифода баранд (м.453-454 КМГ ҶТ).[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.39