Амали Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар доираи шахсон

Амали Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар доираи шахсон - амали қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар замон, макон ва доираи шахсон муаӣян карда мешавад. Дар моддаи 1 Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ (КМҶ) омадааст, ки тартиби мурофиаи парвандаҳои ҷиноятиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ муаӣян мекунад.

Дар банди дуюми моддаи 1 КМҶ таъкид шудааст, ки дар мурофиаи парвандаи ҷиноятӣ қонуни мурофиавии ҷиноятие татбиқ карда мешавад, ки ин қонун дар вақти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё парвандаро баррасӣ кардани суд мувофиқан амал мекунад. Қонуни мурофиавии ҷумҳурӣ натанҳо дар замон, балки дар доираи шахсон низ амал мекунад.

Ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ҷиноят содир мскунанд, дар асоси муқаррароти Кодекси ҷиноятӣ вобаста ба вакти амали қонуни ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, таҳқиқ, тафтиш ва муҳокимаи судӣ аз рӯи талаботи КМҶ бурда мешавад. Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар тамоми худуди Ҷумхурии Тоҷикистон амал мекунад ва тамоми мақомоти таҳқиқу тафтишот ва суд ӯҳдадоранд онҳоро татбиқ намоянд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.39 -40