Амволи муштараки зану шавҳар

Амволи муштараки зану шавҳар — пас аз қайди давлатии никоҳ дар байни зану шавҳар муносибатҳои молумулкӣ асоси ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Минбаъд дар ҷараёни никоҳ молу мулки якҷоя бадастовардашуда, ки қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ намудааст, амволи муштараки зану шавҳар ба шумор меравад ва амволе, ки зану шавҳар дар давраи ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ҳисобида мешавад (қисми якуми моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз ин муайян намудани низоми ҳуқуқии молу мулки якҷояи зану шавҳар, инчунин муносибатҳои ба моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар алоқаманд, вазъи ҳуқуқии молу мулки ҳамсаронро, ки дар аҳдномаи никоҳ муайян шудааст, ба танзим медарорад.

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарчашмаҳои молумулкии ҳамсарон: аз фаъолияти меҳнатӣ - музди меҳнат, аз фаъолияти соҳибкорӣ, интеллектуалӣ (зеҳнӣ) - даромад, инчунин ёрдампулиҳо ва дигар пардохтҳои пулиро дохил намудааст.

Молу мулки якҷояи зану шавҳар аз маблағҳои пулӣ, амволи манқул - автомашинаҳои тамғаҳои гуногун, дигар воситаҳои нақлиёт, амволи ғайриманқул - хонаҳои истиқоматӣ, иморатҳо, мебели хона ва монанди онҳо, қоғазҳои қиматнок, вомбаргҳо (облигатсияҳо), барот (вексел), чек, сертификати бонкӣ, коносамент ва ғайра, саҳмияҳо – саҳмияҳои одӣ ва имтиёзнок, пай ва ғайра иборат аст. Ҳамаи амволи номбурда, ки танҳо дар давраи занушавҳарӣ ҷамъ оварда шудаанд, молу мулки муштараки онҳо ба шумор меравад. Ин амвол новобаста аз он ки ба номи зан ё шавҳар гирифта шудааст, моликияти муштараки онҳо мебошад.

Номгӯи молу мулки якҷояи зану шавҳар, ки дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, махдуд нест, чунки ба он намудҳои дигари молу мулк низ дохил шуданаш мумкин аст, ки қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ кардааст. Муносибатҳои ҳуқуқӣ роҷеъ ба молу мулки маштарак танҳо дар ҳолати дар никоҳи расмӣ будани зану шавҳар пайдо мешавад. Дар мавриди набудани никоҳи расмӣ ва мавҷудияти муносибатҳои никоҳи воқен, яъне зиндагии якҷояи марду зан новобаста аз тӯлонӣ будани он асоси ҳуқуқиро роҷеъ ба молу мулки муштарак ташкил намедиҳад. Дар ин ҳолат муносибатҳои молумулкӣ ба воситаи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда намешавад. Зану мард дар ин маврид ҳар яке соҳиби молу мулки алоҳидаи худ аст ва нисбати он қонунгузории гражданӣ дар бораи моликияти ҳиссагӣ (боби 17 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 1) татбиқ мегардад.[1] [1]

Нигаред низ

вироиш
  1. 1.0 1.1 Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 532-533