Амид Камолии Бухороӣ

Амид Камолии Бухороӣ (форсӣ: عمید کمالی بخارایی‎; ? — қарни XII) — шоир, барбатнавоз ва хушнависи форс-тоҷик, аз муншиёни Султон Санҷар[1].

Амид Камолии Бухороӣ

Зиндагинома

вироиш

Низомии Арӯзӣ ӯро бо номи Амид Камолӣ муаррифӣ кардааст. Аммо Муҳаммад Авфӣ ва бархе муҳаққиқон аз ӯ бо ному унвони Амир Амид Камолуддин Ҷамолу-л-куттоб, Камолии Бухороӣ ёд кардаанд. Дар маъхазҳои адабӣ, маълумот доир ба ҷузъиёти зиндагиаш хеле кам аст. Баъди касби камол аз Бухоро ба Хуросон ба хидмати дарбори султон Санҷари Салҷуқӣ рафтааст. Марди бофазлу донишманд ва соҳибҳунар буда, дар созу овоз ва навохтани сози мусиқӣ маҳорати баланд дошт. Хатро ҳам хуб менавишт. Дар дарбор қадру манзалат ёфт ва яке аз надимони султон Санҷар гардид. Девони Камолии Бухороӣ то замони мо нарасидааст. Аз ӯ танҳо порчаҳои шеърӣ боқӣ мондаанд. Ӯ ҳамзамони Муиззии Самарқандӣ ва яке аз мухлисони ашъори Анварӣ буда, дар пайравии Анварӣ шеър эҷод кардааст. Нахустин манбае, ки ашъори Камолии Бухороӣ-ро муаррифӣ кардааст, «Лубобу-л-албоб»-и Авфист. Ин ашъор аз қасидаҳое дар ситоиши султон Санҷар, қитъае дар «ваъзи ёрону эҳтироз аз бадкирдорон» ва насиби қасидае дар мадҳи Киё Абулфатҳ Алӣ ибни Ҳусайни Муҷиру-д-давла (ё Муҷиру-л-мулк), вазири султон Санҷар иборат аст. Чанд байт аз ин қасида дар манбаъҳои дигар (аз ҷумла «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Содиқи Ҳидоят, «Ҳадоиқу-с-сеҳр»-и Рашиди Ватвот) дарҷ шудаанд. Ташбиби ин қасида аз забони ҳоли зулфи нигор суруда шудааст, ки бо зебоии худ меболад. Дар бахше дигар аз ин қасида шоир сайёраи Муштарӣ, сипеҳр ва вазир Муҷируддавларо ситоиш кардааст. Дар идома мунозараи комил байни «килк» ва «кафи даст» сурат мегирад. Дар ин мунозара каф ва килк бо навбат ба худситоиву интиқоди якдигар мепардозанд. Каф ба саховату бахшандагии худ менозад, дар муқобил килк аз кору тасмимҳои бузургу муҳим, ки бо навиштан метавон анҷом дод, сухан мегӯяд. Дар поён, шоир боз мамдуҳи худро ситоиш мекунад. Муҳаққиқон ин қасидаро аз лиҳози таърихи мунозараҳо дар адаби форсӣ муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дониста, онро бо мунозараи «Килк ва теғ»-и Амир Муиззӣ муқоиса кардаанд, умумияту тафовутҳои онҳоро баршумурдаанд. Камолии Бухороӣ дар рӯзгори худ соҳибном буда, ашъораш миёни муосирон мақбулийят доштааст. Анварӣ дар қасидае Камолии Бухороӣ-ро мадҳ карда, дар суханварӣ ӯро бартар аз худ донистааст. Рашиди Ватвот дар «Ҳадоиқу-с-сеҳр» аз ӯ зикри хайр кардааст.

Ин ашъор аз ӯст:

Гар занад осеб зулфи турки ман бар боду хок,
Аз хушӣ бо мушку бо анбар занад сар боду хок.
Рангу рӯю бӯйи мӯяш гар бибӯяд хоку бод,
Гардад аз шаклаш қарини чину чанбар боду хок.
Чун нишинад гарди майдон бар ҷабину ҷаъди ӯ
Гар бияфшонад, шавад пурмушку анбар боду хок!
Мӯю рӯйи ӯ ҳамедорад зи рангу бӯи хеш
Ҳам муаттар обу оташ, ҳам мунаввар боду хок.
В-ар зи зулфу ду лабу дандони ӯ ёбанд асар,
Гардад аз ҷиму зи миму син мусаввар боду хок.
Қадди ӯро гар бидидӣ хоку бод аз ибтидо,
Дар чаман ҳаргиз напарвардӣ санавбар боду хок! ...

Адабиёт

вироиш