Амин
Амин (ар.- вакил, шахси муътамад), 1) амалдор, сардор, сардори як ё якчанд деҳ дар баъзе туману вилоятҳои бекнишини аморати Бухоро. Амин дар водии Фарғона, волостҳои уезди Самарқанд, Каттақӯрғон аз тарафи вакилони халқ интихоб мешуд. Дар аморати Бухоро Амин ба амлокдор, дар губернатории ҳарбии Туркистон ба сардори волост тобеъ буд. Вазифаи асосии Амин аз халқ ситондани хироҷ, тақсими обу замин, ғундоштани андози бозор (аминона) буд.2) Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон раиси комитети маҳалла ё гузарро Амин меноманд.[1]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 119