Амсила (модел; фр. modèle, аз лот. modulus — «андоза, шабоҳат, намуна») — объекти навест, ки хосиятҳои асосӣ ва муҳимтарини объект, ҳодиса татқиқшавандаро инъикос менамояд. Амсилаҳоро ба ду синфи калон ҷудо кардан мумкин аст: моддӣ ва иттилоотӣ.

Ин амсилаи мошини ёрии тиббӣ

Амсилаҳои моддӣ (ҷисмӣ, шайъӣ) хосиятҳои геометрӣ, физикӣ ва дигар хосиятҳои объектро дар шакли моддӣ (возеҳ) таҷассум менамоянд, яъне аз нав ба вуҷуд меоранд. Мисол: Амсилаи Замин, глобус мебошад.

Амсилаҳои иттилоотӣ обеъктҳо ва равандҳоро дар шакли тимсолҳо (образҳо) ё аломатҳо тасвир мекунад. Пас, амсилаҳои иттилоотиро, дар навбати худ, ба амсилаҳои иттилоотии тимсолӣ ва амсилаҳои иттилоотии аломатӣ (рамзӣ) ҷудо кардан мумкин аст.

Адабиёт

вироиш
  • Неуймин Я. Г. Модели в науке и технике. История, теория, и практика. Л., 1984
  • Штофф В. А. О роли модели в познании Л., 1963
  • Хорошев А. Н. Введение в управление проектированием механических систем: Учебное пособие. — Белгород, 1999. — 372 с. — ISBN 5-217-00016-3. Электронная версия 2011 г.
  • Юдин А. Д. Экстремальные модели в экономике. М., 1979

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш

Википедиаи русӣ