Анатолий Валерянович Гурский (22 апрел [5 май] 1906, Okhtyrka[d], Kharkov Governorate[d]19 август 1967, Маскав) — гиёҳшинос, доктори илмҳои биология (1951), профессор (1952).

Анатолий Гурский
Таърихи таваллуд 22 апрел (5 май) 1906
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 август 1967(1967-08-19) (61 сол)
Маҳалли даргузашт
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология[d][1]
Роҳбари илмӣ Николай Иванович Вавилов
Ҷоизаҳо
ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Баъди хатми Институти кишоварзии Харков (1926) дар Институти умумииттифоқии рустанипарварӣ кор кардааст (то 1939). Асосгузор ва директори Боғи ботаникии Помир (1940-65) ва мудири кафедраи ботаникаи умумии Институти техникаи ҷангали Маскав (1965-67). Дар бораи экология, дарахтшиносӣ (дендрология), боғдорӣ ва ба шароити маҳал мутобиқ гардондани рустаниҳо беш аз 70 таълифи илмӣ дорад. Анатолий Гурский дар ноҳияҳои кӯҳӣ асоси назарии интродуксия, хусусиятҳои рушди рустанӣ ва ба рустанӣ таъсир расондани афканишоти ултрабунафшро муқаррар намуд. Ӯ олами набототи Осиёи Марказӣ, Қафқози Шимолӣ, Шарқи Дур ва ғ.-ро омӯхта, баъзе сабзавоту меваҳо (пиёз, сабзӣ, картошка, ҷуворӣ, зардолу, себ, анҷир, анор, ангур ва ғ.)-ро ба шароити Помир мутобиқ гардонд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Нишонаи Фахрӣ» сарфароз гардидааст. Боғи ботаникии Помир номи Анатолий Гурскийро дорад.

  • Дикорастущие и культурные древесные растения Советского Бадахшана, // Тр. Таджикского фил. АН СССР. Т. 18. 1951;
  • Озеленение городов и посёлков Таджикистана, // Тр. АН Тадж. ССР. Т. 14. 1953 (ҳамроҳи В. И. Запрягаева ва диг.);
  • Основные итоги интродукции древесных растений в СССР. М. — Л., 1957;
  • Землепользование и сельскохозяйственные культуры Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР. М., 1964.

Адабиёт

вироиш