«Ана боғ»(бозӣ) Иштирокчиёни бозӣ ба шакли давра истода, дастони росташонро ба пеш дароз карда, панҷаҳояшонро ҷунбонда меистанд. Сарвари бозӣ мегӯяд: «Ана боғу ана роғ, ана кишмишу мавиз, ана замбури ало омаду инҷама газид». Дар ин ҳолат гӯянда дасташро ба ягон узви баданаш (гӯш, чашм, соқи пой ва ғайра) мерасонад. Бозигарон бояд рафтори сарварро бо таваҷҷуҳ мушоҳида кунанд ва ҳаракатҳои ӯро тақлид намоянд. Дар Рашт, Дарвоз нимфаъол аст.[1]

Адабиёт вироиш

1.Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976; 1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.


Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 170