Анбори озод
Анбори озод- низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ дар биноҳои махсус бидуни ситонидани боҷи гумрукӣ ва андозҳо ва бе татбиқ намудани тадбирҳои сиёсати иқтисодӣ ба ин мол ҷой дода шуда, мавриди истифода қарор мегиранд. Моли ватанӣ бошад, мутобиқи шартҳое, ки ба низоми гумрукии содирот татбиқ мешаванд, бо тартиби муайянкардаи КГ ҶТ ҷой дода шуда, мавриди истифода қарор мегиранд. Анбори озод дар асоси литсензияи мақомоти гумрукии ҶТ таъсис дода мешавад. Соҳиби анбори озод танҳо шахсони муқимӣ шуда метавонанд. Дар анбори озод мол бе муҳлати махдуд нигоҳ дошта мешавад. Бино ва ҷои дигаре, ки барои таъсиси анбори озод таъйин шудааст, бо мақсади назорати гумрукӣ бояд ба таври лозимӣ сохта шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ бо ду василаи маҳкумкунӣ, ки яке аз онҳо бояд дар ихтиёри мақомоти гумрукии ҶТ бошад, муҷаҳҳаз гардад.[1].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.46-47