Анвар Олим (Ориёнмеҳр)

Ориёнмеҳр – нависанда, рӯзноманигор. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1996), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1999).

Анвар Олим (Ориёнмеҳр)
Анвар Мирзоҳакими Олим
Таърихи таваллуд: 31 июл 1956
Зодгоҳ: деҳаи Даштаки ноҳияи Ғафуров
Таърихи даргузашт: 13 ноябр 2020
Шаҳрвандӣ: Парчами Тоҷикистон
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор

Зиндагинома

вироиш

Анвар Мирзоҳакими Олим (Ориёнмеҳр) соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна шомили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод шуда, соли 1977 соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардидааст. Солҳои 1986-1988 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хидмат кардааст. Аз соли 1980 дар соҳаи рӯзноманигорӣ заҳмат мекашад. Ҳоло корманди масъули маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи маҷмӯаҳои «Қиссаҳо аз ислом ва панди Мавлонои Рум», «Вақти гули зардолу», «Балогардон», «Макрӯҳ», «Шаби 13-ум…» мебошад. Асарҳои адиби литвонӣ Скрайрис «Чароғи сеҳрнок», нависандаи рус В.Гринков «Ашки ҷаллод», нависандаи қирғиз Ч. Айтматов «Алопаре, ки медавад лаб-лаби баҳр»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон. Бо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 157 ISBN 978-99947-2-379-9