Ангурзор
Ангурзор (собиқ Учкул) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дурбати ноҳияи Ҳисор. Аз Ангурзор то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 8 км; роҳ автомобилгард.. Аҳолиаш 304 нафар (2017)[1], тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Дурбат |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Учкул |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 304 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Иқтисод
вироишДар тамоми заминҳояш ангурҳои щаҳдбори гуногун парвариш карда мешаванд. Аҳолии Ангурзор чи мардон ва чи занон роҳу усулҳои бисёри парвариши ангурро хуб медонанд. Аз қисмати Ангурзор роҳи калони втомобилгарди Ҳисор — Душанбе мегузарад, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва тиҷоратии Ангурзор таъсири мусбӣ мегузорад[2].
Соҳаи асосии хоҷагӣ: боғу токдорӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз Канали Калони Ҳисор обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 130