Андрей Воронихин
Андре́й Ники́форович Ворони́хин (17 (28) октябр 1759, Усолйеи Нав — 21 феврал (5 март)-и 1814, Санкт-Петербург) — меъмори рус, яке аз бунёдгузорони сабки ампирӣ дар Русия.
Андрей Воронихин | |
---|---|
Иттилооти асосӣ | |
Мамлакат | |
Таърихи таваллуд | 17 (28) октябр 1759 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 21 феврал (5 март) 1814 (54 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Таҳсил: |
Корҳо
вироишКалисои ҷомеи Қазон (1801–11), ки дар миёни сохтмонҳои хиёбони Нева назаррабоӣ мекунад ва Донишкадаи кӯҳкорӣ (1806–08), ки дар каронаи ҷазираи Василев сохта шудааст, аз ҷумлаи осори меъмории Андрей Воронихин мебошанд. Андрей Воронихин на танҳо лоиҳаи худи биноро мекашид, балки ороиши дохилӣ, мебелу чароғу қандилҳо ва баъзан ҳатто таҷҳизоти ононро низ тарроҳӣ мекард. Ҳамчунин дар сохтмони маҷмааи коху боғ дар Петергоф ва Павловский иштирок кардааст. Узви АР Русия (аз 1797). Дар академия аз соли 1800 омӯзгор буд ва соли 1811 синфи махсуси меъморӣ кушод.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Чуйко В. В. Воронихин, Андрей Никифорович (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. VII. — С. 214—215.
- ↑ Воронихин Андрей Никифорович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
вироиш- А. Н. Воронихин. Чертежи и рисунки (Альбом). Л., 1952;
- Гримм Г. Г. Архитектор Воронихин. Л., М., 1963;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Сарчашма
вироиш- Воронихин Андрей Никифорович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.