Анисии Шомлу (форсӣ: اَنیسیِ شامْلو‎), Юлқулибек (форсӣ: یولقلی بیك‎; ? — 1605) — шоири форсигӯ[1].

Анисии Шомлу

Зиндагинома

вироиш

Аз давраи ҷавонӣ ва ё таҳсилаш маълумоте дар даст нест, ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ дар Ҳирот ба дунё омада, аз қабилаи Шомлу будааст (Авҳадӣ, 182; Абулфазл, 1/175). Вай муддате ҳамчун китобдори Алиқулихони Шомлу беглербегии Ҳирот, дар хидмати ӯ буд (Наҳовандӣ, 3/517).

Анисӣ баъд аз муддате ба Ҳиндустон рафта, дар он ҷо бо шоироне чун Назирии Нишопурӣ ва Шикебии Исфаҳонӣ ҳамнишин шуд (ҳамон, 3/67, 116—117). Ӯ дар ниҳоят дар Бурҳонпур даргузашт (ҳамон, 3/520).

Сурудаҳои Анисӣ тақрибан 4000 байтро ташкил медиҳанд (Фахрзамонӣ, 302), ки ғазал, қасида ва маснавии «Маҳмуд ва Аёз»-ро дар бар мегиранд (нигаред: Содиқӣ, 107—108; Наҳовандӣ, 3/521-522; Авҳадӣ, ҳамон ҷо). Дар миёни сурудаҳои ӯ нусхаҳои хаттии маснавии нопурраи «Маҳмуд ва Аёз», ки ба сабки «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ суруда шудааст, дар китобхонаҳо мавҷуд аст (нигаред: Мунзавӣ, 7/765).

  1. جلال خسروشاهی. انیسی شاملو. دایره المعارف بزرگ اسلامی.