Антуан Анри Беккерел
Антуа́н Анри́ Беккере́л (фр. Antoine Henri Becquerel; 15 декабрӣ 1852 — 25 августи 1908) — намояндаи сулолаи физикадонҳои фаронсавӣ, яке аз кашшофони радиоактивият. Узви АИ Париж (1889) ва Президенти он (1908), узви якчанд академияи илмҳои кишварҳои дунё буд.
фр. Antoine Henri Becquerel | |
Таърихи таваллуд | 15 декабр 1852[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 25 август 1908[1][3][4][…] (55 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик ва кимиё |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | Бакалаври илм[d][10] (1877) ва Doctor of Science[d][10] (1888) |
Алма-матер | |
Шогирдон | Marie Curie[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАнтуан Анри Беккерел писари А. Э. Беккерел ва набераи А. С. Беккерел. Соли 1874 мактаби политехникии Парижро хатм намуда, аз соли 1876 муаллим ва аз соли 1895 профессор он буд. Аз соли 1892 мудири кафедраи физикаи Осорхонаи миллии таърихи табиат. Самтҳои асосии таҳқиқоташ ба оптика (магнитооптика, фосфорессенсия) ва ҳодисаи радиоактивият бахшида шудаанд. Б. соли 1896 ҳодисаи радиоактивияти табиии қабатҳои уранро ҳангоми таҳқиқоти фосфорессенсия дар намакҳои уран тасодуфан кашф карда, барои ин кашфиёт соли 1903 Антуан Анри Беккерелякҷо бо П. Кюри ва М. Кюри ба гирифтани Ҷоизаи Нобел мушарраф гардид. Соли 1900 заряди хосси бета-зарраҳоро муайян кард (баъд маълум гардид, ки ин зарраҳо электронҳо будаанд). Соли 1901 (новобаста ба П. Кюри) таъсири физиологии афканишоти радиоактивиро муайян намуд. Ба шарафи ӯ воҳиди радиоактивият беккерел (Бк), танӯраи Моҳ, танӯраи Миррих номгузорӣ шудаанд. Номи Антуан Анри Беккерел дар рӯйхатти бузургтарин олимони Фаронса дар ошёнаи якуми Манораи Эйфел сабт карда шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Antoine Henri Becquerel (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 3.0 3.1 Badash L. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Беккерель Антуан Анри // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ https://www.famousscientists.org/henri-becquerel/
- ↑ RKDartists (нидерл.)
- ↑ 8.0 8.1 немецкая Википедия (нем.) — 2001.
- ↑ English Wikipedia community Wikipedia (ингл.) — 2001.
- ↑ 10.0 10.1 10.2 Notable Names Database (ингл.) — 2002.
Адабиёт
вироиш- Капустинская К. А. Анри Беккерел. М., 1965.
Сарчашма
вироиш- Беккерел Антуан Анри / А. Комилӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |