Антуа́н Галла́н (фр. Antoine Galland; 4 апрел 1646, Роллот, Пикардия, Подшоҳии Фаронса — 17 феврали 1715, Порис, Подшоҳии Фаронса) — шарқшинос, тарҷумони фаронсавӣ.

Антуан Галлан
фр. Antoine Galland
Таърихи таваллуд 4 апрел 1646(1646-04-04)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 феврал 1715(1715-02-17)[4][1][2][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ бостоншиносӣ ва Тарҷума
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар коллеҷи шаҳри Нуайон, забонҳои юнонӣ, лотинӣ ва яҳудии қадимро омӯхт. Баъдан дар Коллеҷ де Франс забонҳои шарқиро омӯхта, донишашро дар соҳаи забони юнонии қадим мукаммал намуд. Ба ҳайси китобдор ва дабири сафири Фаронса дар Туркия ба Фракия, Македония, Румелия, Осиёи Хурд, Иония, Сурия, Фаластин сафар кард ва дар тӯли ин сафарҳо забонҳои туркӣ, форсӣ ва арабиро омӯхт. Бо фармоиши ширкати «Ост-Индиа» китобҳои қадимӣ-дастнависҳоро ҷамъ кард. Пас аз анҷоми сафарҳо роҳбари нашрияи луғати энсиклопедии «Донишномаи Шарқ» буд. Аз соли 1701 то охири умр ба таҳқиқ ва тарҷумаи осори шарқӣ машғул буд ва аз соли 1709 дар Коллеҷ де Франс забони арабиро дарс медод. Тарҷумаи афсонаҳои «Ҳазору як шаб»-и Антуан Галлан (дар 12 ҷилд, солҳои 1704−17) яке аз беҳтарин тарҷумаҳо ба шумор мерафт. Ба ғайр аз ин, Антуан Галлан ба забони фаронсавӣ «Қуръон», китобҳо дар бораи пайдоиши қаҳва, таърихи империяи Усмонӣ ва ғайраро тарҷума кардааст. Антуан Галлан дар тарғибу ташвиқ, тарҷумаи осори адибони форс-тоҷик саҳм дорад. Вай ҳикоятҳои «Гулистон»-и Саъдиро бо номи «Суханҳои аҷибу панду андарзҳои шарқиён» (Порис, 1694), «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Калила ва Димна», «Панчатантра» (Порис, 1724)-ро тарҷума кардааст. Барои таҳқиқу омӯзиши Шарқ аз ҷониби шарқшиносон-донишмандони фаронсавӣ Силвестр де Саси, Луазеаур-Деслонша, Терри де Шербанно, Х. де Нимал, А. Серту, Р. Бассэ ва дигарон тарҷумаҳои Антуан Галлан чун маъхазҳои муътамад хидмат кардаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Шокир Мухтор. Джами во Франции//«Памир», 1982, № 8;
  • Герхардт М. Искусство повествовиния. Литературная история «1001 ночи». М., 1984;
  • Борхес Х. Л. Переводчики «Тысячи и одной ночи»//Он же. Собрание сочинений в 4-х томах. Т. 1. СПб, 2005.

Сарчашма

вироиш