Арза ва тақозо (англ. Supply and demand) — як мудели иқтисодӣ аст, ки асари қиматро бар рӯйи миқдор дар бозори рақобатӣ баррасӣ мекунад. Қимат бар рӯйи миқдори тақозо аз тарафи масрафкунандагон ва миқдори тавлид аз тарафи арзакунандагон асар мегузорад. Дар натиҷа иқтисод дар асар талоқии ин ду миқдор, дар қимат ва миқдори муайяне ба таъодул мерасад. Дигар омилҳои муассир дар таъодули иқтисодӣ низ дар ин мудел боиси тағйири тақозо ва арза мешаванд.

Дар P0 ва Q0 мунҳанӣ арза ва тақозои якдигарро қатъ кардаанд. Ин нуқта қимати таъодулиро нишон медиҳад. Қисмат A фузунии тақозову камбуди арза ва B камбуди тақозову фузунии арзаро нишон медиҳад.

Усули бунёдӣ вироиш

Мудели арза ва тақозо дар воқеъ барои бозори рақобатӣ танзим шудааст, ки дар он ҳеч як аз харидорон ва фурӯшандагон наметавонанд асари зиёде бар рӯйи қимат бигузоранд ва қимат ба сурати як дода аст. Миқдори тавлиди маҳсул тавассути тавлидкунанда ва миқдори тақозо тавассути масрафкунанда, вобаста ба қимати маҳсул дар бозор аст. Қонуни арза мегӯяд, ки дар собит будани соир шароит миқдори арза вобаста ба қимат аст ва дар қимати болотар, арза бештар ва дар қимати пойинтар, арза камтар хоҳад буд. Ва қонуни тақозо низ мегӯяд бо собит будани соири авомил дар қиматҳои боло, тақозо камтар ва дар қиматҳои пойин, тақозо бештар хоҳад буд.

Дар бозори рақобатӣ қимати таъодулӣ ва миқдори таъодулии як коло бо арзаву тақозои бозор барои он коло таъйин мешавад. Қимат таъодулии як коло дақиқан баробар бо қиматест, ки масрафкунандагон миқдори колоеро, ки ҳозиранд дар як давраи замонии хосс бихаранд баробар бо миқдорест, ки тавлидкунандагони он коло ҳозиранд арза кунанд. Дар қиматҳои болотар камбуди тақозо иттифоқ ва боиси фузунии арза мешавад. Ин изофаи арза ба қимат фишор меовард ва боис мешавад, ки қимат дубора ба сатҳи таоъдулӣ бозгардад. Дар қиматҳои пойинтар низ, миқдори тақозо аз миқдори арза бештар мешавад ва боиси фузунии тақозо мешавад. Ин фузунии тақозо боиси афзоиши қимат ва дар натиҷа бозгашти қимат ба андозаи қабли худ (қимати таъодулӣ) мешавад. Пас аз ин ки қимат ба таъодул расид, ин қимат майл ба ҳамешагӣ ва боқӣ мондан дорад.

Эзоҳ вироиш