Аристарх Белополский

Ариста́рх Аполло́нович Белопо́лский (1 [13] июл 1854 ё 1854[1], Маскав[2]16 май 1934[2][3], Санкт-Петербург) — ахтаршиноси шӯравӣ, акдемики АИ ИҶШС (1903).

Аристарх Белополский
Таърихи таваллуд 1 (13) июл 1854 ё 1854[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 май 1934(1934-05-16)[2][3]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ ва ахтарфизик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Фёдор Бредихин[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Баъди хатми Университети Маскав (1877) дар ҳамин ҷо кор кард. Белополский акси зузанабӣ соли 1884, акси Моҳро ҳангоми хусуф, акси тоҷи Офтобро ҳангоми кусуф гирифтааст. Бо мақсади таҳқиқи ҳаракати Офтоб ва тайф (спектр)-и ситораҳои тағйирёбанда фарқияти суръатҳои параллактикӣ ва тайфии ситораҳои дурахшони Белополский гирди Офтобро муайян кард. Белополский суръати шуоии 200 ситораи дурахшони бузургии ситорагиашон 2-4-ро муайян намудааст. нишон дод, ки солҳои 1925—1933 суръати гардиши Офтоб қадре кам шудааст. Белополский асбоби мураккабе сохта, принсипи Доплер (ниг. Белополский. Падидаи Доплер)-ро дар шароити лабораторӣ тасдиқ кард. Ғайр аз ин чархзании Муштарӣ ва суръати қисмҳои гуногуни Зуҳал, спектри зузанабҳо, сохти физикавӣ ва таркиби кимиёии онҳоро омӯхтааст. Дорандаи мукофоти Лаланд (1918). Бо медали тилои АИ Париж (1908) сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 https://www.biografiasyvidas.com/biografia/b/belopolsky.htm
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Белопольский Аристарх Аполлонович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)

Адабиёт

вироиш