Аркадий Гайдар
Арка́дий Петро́вич Гайда́р (номи хонаводагии аслӣ — Го́ликов; 9 (22) январ 1904, Лгов, губернияи Курск — 26 октябри 1941, назди рустои Лепляво, ноҳияи Канев, вилояти Черкас) — нависанда, муаллифи асарҳо барои бачагон ва филмноманависи рус.
русӣ: Аркадий Петрович Голиков | |
Тахаллусҳо: | Аркадий Гайдар |
Таърихи таваллуд: | 9 (22) январ 1904[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 октябр 1941[3][1][4][…] (37 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | русӣ[10][11][2] |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз оилаи омӯзгор. Омӯзишгоҳи шаҳри Арзамасро хатм намуда, соли 1918 ихтиёрӣ ба Артиши Сурх омад. Дар 17-солагӣ фармондеҳи полк буд. Соли 1924 захмӣ шуда, аз артиш канора гирифт.
Эҷодиёт
вироишНахустин асари адабияш — повести «Дар рӯзҳои шикасту пирӯзӣ» (1925). Ҳикояҳову повестҳои «РВС» (1925), «Мактаб» (1930; шарҳиҳолӣ), «Сирри ҳарбӣ», ки қиссаи «Сирри ҳарбӣ ва писарак — Кибалчиш» низ марбути он аст (1935), асарҳои романтикианд оид ба Инқилоби Октябри соли 1917 дар Русия. Муаллифи повестҳои «Кишварҳои дур» (1932), «Пиёлаи кабуд» (1936), «Чук ва Гек» (1938), трилогияи «Темур ва командаи ӯ», «Коменданти қалъаи барфӣ», филмномаи «Савганди Темур» (1940). Мавзӯи аслии осори Аркадий Гайдар тарбияти иҷтимоӣ буда, образҳои офаридаи ӯ — писарак Кибалчиш ва Темур мояи ибрати чандин насли кӯдакон ва наврасони собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, будаанд. Мақсади Аркадий Гайдар дар осораш тарбияи ватандӯстони ҳақиқӣ буд. Дар повести «Тақдири нақорачӣ» (1937) зиндагии бачагони хонаводаҳои табъидшудагонро ба қалам овард. Нашри боби аввали он дар рӯзномаи «Пионерская правда» қатъ гардида, китобҳои Аркадий Гайдар аз китобхонаҳо мусодира шуданд. Танҳо баъди ба ордени «Нишони Фахрӣ» (1939) сарфароз гардидан имкон ёфт, ки ба кори адабӣ идома диҳад. Аз нахустин рӯзҳои ҶБВ (1941−45) хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомолская правда» буд. Осори ӯ ба чандин забон, аз ҷумла тоҷикӣ («Мактаб» 1938; «Сирри ҳарбӣ» 1941; «Чук ва Гек» 1947; «Темур ва командаи ӯ» 1951, 1983; «Тақдири нақорачӣ», 1962 ва ғайра) тарҷума шудаанд. Аз рӯйи асарҳояш бо номҳои — «Мактаби мардонагӣ», «Тақдири нақорачӣ» «Писарак Кибалчиш», «Чук ва Гек» ва ғ. филмҳо ба навор гирифтаанд.
Осор
вироиш- Собранние сочинений. В 3-х томах. М., 1986.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 ПроДетЛит (рус.) — 2019.
- ↑ 3.0 3.1 Гайдар Аркадий Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.goodreads.com/author/show/537813.Arkady_Gaidar
- ↑ http://www.goodreads.com/book/show/2845490-the-blue-cup
- ↑ Goodreads (ингл.) — 2006.
- ↑ http://www.goodreads.com/list/show/47908.S_ch_thi_u_nhi_Li_n_X_d_ch_ti_ng_Vi_t
- ↑ (unspecified title)
- ↑ http://www.bloomberg.com/apps/news?pid=newsarchive&sid=aksFQ_yV.X00
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
вироиш- Гайдар Аркадий // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1988;
- Гайдар Т. Аркадий Голиков из Арзамаса: Документы. Воспоминания. Размышления. М., 1988;
- Комов Б. А. Гайдар: Жизнь и творчество. М., 1991;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Ин мақолаи хурд дар бораи нависанда аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |