Армуғон
Армуғон (форсӣ: ارمغان), раҳовард (форсӣ: رهآورد ) — колое, ки мусофирону гардишгарон аз як шаҳр, русто ё минтақае мехаранд, то пас аз бозгашт аз сафар ба наздикон, дӯстону ошноён ҳадия диҳанд. Раҳоварадҳо маъмулан ҷузъи ҳунарҳои дастӣ, маҳсулоти санъатӣ ва маводи ғизоии сохташуда дар навоҳии мухталиф ҷуғрофиёӣ ҳастанд.