Глуховский Арон Менделеевич (Маркович) (10.11.1899, Минск — 14.5.1971, Душанбе) — рӯзноманигори шӯравии тоҷик, нахустин сардабири «Советский Таджикистан» (баъдан «Коммунист Таджикистана», «Народная газета»). Корманди хидматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1969).

Арон Глуховский

Зиндагинома

вироиш

Пас аз хатми Омӯзишгоҳи табиатшиносӣ (1919) дар шуъбаи уездии маорифи халқ, нашрияҳои «Полесская правда» ва «Набат молодёжи» кор кард. Соли 1926 бо роҳхати КМ комсомоли ИҶШС ба Тошканд омада, нахуст котиби масъули рӯзномаи «Правда Востока», сипас (1927-29) муҳаррири нашрияи навтаъсиси «Комсомолец Востока» шуд. Соли 1929 Арон Глуховскийро Бюрои осиёимиёнагии КМ ВКП(б) ҷиҳати таъсиси газетаи рӯзмарраи русӣ ба Тоҷикистон фиристод. Солҳои 1929-32, 1934-36 муҳаррири газетаи «Советский Таджикистан» (баъдан «Коммунист Таджикистана»), 1932-34 муҳаррири газетаи «Красная Чувашия» буд. Соли 1937 бо иттиҳоми «тарғиби ақидаҳои зиддиинқилобии тротскийчигӣ» 10 сол зиндонӣ шуд. Дар оғози ҶБВ аз зиндон ихтиёран ба ҷабҳа рафта, то рӯзи пирӯзӣ зидди фашистон ҷангид. Пас аз ҷанг дубора ба Тоҷикистон баргашта, дар бунгоҳи хабарии ТоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») коркуни техникӣ буд. Соли 1960, пас аз маҳкум шудани шахсиятпарастӣ доғи иттиҳом аз номи Арон Глуховский низ шуста шуд ва то поёни умр дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» котиби масъул буд. Узви Комитети иҷроияи марказӣ ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 3, 4, 5), узви КМ ҲК Тоҷикистон

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Ситораи Сурх», чандин медали ИҶШС, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШСТ сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Воробёв В., Хасанов Д. Капитаны редаксионного корабля. Д., 2002.

Сарчашма

вироиш
  • Глуховский Арон Менделеевич / Қ. Шарифзода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.