Артиши электронии Эрон

Артиши электронии Эрон ( форсӣ: ارتش سایبری ایران‎) ‎ гурӯҳи ҳакерии эронӣ аст, ки гӯё бо ҳукумати Эрон иртибот дорад, ҳарчанд худи ҳукумат ин иртиботро рад мекунад [1] . Ба гузориши рӯзномаи Guardian, ин гурӯҳ ба раҳбари аршади Эронсавганд ёд карданд [2] .

Ба навиштаи нашрияи интернетии " Бюрои Теҳрон ", тарҳи таъсиси "артиши электронии Эрон" аз ҷониби Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар соли 2005 таҳия шудааст. Артиши электронии Эрон масъулияти чанд ҳамлаи киберӣ аз тариқи интернет аз соли 2009, бахусус алайҳи Байду ва Твиттерро ба ӯҳда гирифт [3] .

Дар соли 2012 як гурӯҳи ҳакерҳо, ки худро "Қаллоқҳо" эълон карданд ( форсӣ: پرستو‎ ‎, серверҳои МАГАТЭ -ро шикастанд. Коршиносони амнияти иттилоотӣ тахмин мезананд, ки дар паси ин ҳамла "артиши электронии Эрон" будааст [4] .

Дар соли 2013 як генерали Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ изҳор дошта буд, ки Эрон "аз рӯи имконоти худ дар ҷои чаҳорумин артиши киберҷинояткорӣ дар ҷаҳон аст". Ин иддаоро израильским институтом исследований национальной безопасности[en] [5] тасдиқ кардааст.

Қайдҳо

вироиш
  1. Lukich, Alex The Iranian Cyber Army. Center for Strategic and International Studies (July 12, 2011). 18 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 апрели 2015.
  2. Arthur, Charles Twitter hack by 'Iranian Cyber Army' is really just misdirection. The Guardian (December 18, 2009). 18 марти 2015 санҷида шуд.
  3. Rezvaniyeh, Farvartish Pulling the Strings of the Net: Iran's Cyber Army. Tehran Bureau (February 26, 2010). 18 марти 2015 санҷида шуд.
  4. Lake, Eli Did Iran’s Cyber-Army Hack Into the IAEA’s computers?. Daily Beast (May 12, 2012). 18 марти 2015 санҷида шуд.
  5. Israeli Think Tank Acknowledges Iran as Major Cyber Power, Iran Claims its 4th Biggest Cyber Army in World. Hack Read (October 18, 2013). 18 марти 2015 санҷида шуд.