Асадии Тӯсӣ

(Тағйири масир аз Асадӣ)

Асадии Тӯсӣ (форсӣ: اسدی طوسی‎; 10051073, Тӯс) — шоир, луғатшинос, ва хаттоти машҳур

Асадии Тӯсӣ
اسدی طوسی
Таърихи таваллуд: 1000
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1072
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ ва тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Асадии Тусӣ соли 1010 дар зодгоҳи Абулқосими Фирдавсӣ Тӯс таваллуд шудааст. Номи пурраи ӯ Абумансур Али ибни Аҳмад аст. Вай айёми таҳсилро дар зодгоҳи худ гузаронда, илмҳои расмии замон, ҳамчунин адабиёти араби, таърих ва хаттотиро омӯхта, аз ҷавони ба гуфтани шеър ва ҷамъ овардани луғат майл дошт. Вай пайрави ҷараёни шуубия ва мазҳаби шиа буд. Тақрибан ҳангоми 30-35-солагӣ дар натиҷаи қахтиҳои Хуросон ӯ ба Озарбойҷони имрӯза-Аррон рафта, дар солҳои 50 асри XI хидмати дарбори ҳокими Аррону Нахчувон Абудулафи Дайрониро ихтиёр намуд. Вай моҳи шавволи соли 447—1056 китоби тиббии Абумансур Муваффакуддин Алии Харави Китобулабния ан хакоикиладвия-ро нусхабардори намуда, сипас дар давоми ду сол достони Гаршоспнома-ро ба риштаи назм кашида, онро соли 458/1065-66 ба итмом расонд. Баъди муддате Луғати фурс-ро таълиф намуд. Нихоят аз Нахҷувон ба Они рафта, дар хидмати Шучоъуддавла Манучехр ибни Шовури Шаддоди, ки аз соли 456—1064 сар карда, 30 сол дар Афғонистон ҳукмрон буд, камар баст. Соли 1072 Асади мунозираи Найзаву камон-ро барои ин ҳоким навишт. Ба ғайр аз ин, Асадии Тӯсӣ қасидаҳои Замину осмон, Шабу рӯз, Габру мусалмон, Арабу аҷам низ дорад, ки ба таври саволу ҷавоб навишта шудаанд. Билохира ба ватани худ баргашта, соли 1073 дар Тӯс аз олам гузашт.

Нигаред низ

вироиш