Асалбек Назриев
Асалбек Назриев (зод. 3 декабр 1948, Барушон[d]) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2007)[1].
| |
Таърихи таваллуд: | 3 декабр 1948 (75 сол) |
Зодгоҳ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо |
IMDb: | ID 0623441 |
Зиндагинома
вироишФакултаи санъати Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо соли 1972 хатм намуда, муддате дар ҳамин ҷо дарс додааст. Аз соли 1973 инҷониб актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ мебошад. Дар зиёда аз ҳафтод спектакли театр образҳои драмавӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ офаридааст. Заҳмату ҷустуҷӯ, омӯзиши паёпай ҳама дарҳои ҳунарро сӯяш кушоданд ва тавфиқ ёфт.
Дар саҳна баробари нақшофарӣ гӯиё зиндагӣ мекунад. Ҳама спектаклҳо бо ишти¬рокаш комёб шудаанд. «Интихоби домод», «Эдип», «Корвони бахт», «Исмоили Сомонӣ», «Авлиё ва осӣ» аз зумраи онҳоанд.
Филмҳо
вироишДар филмҳои тоҷикии «Субҳи нахустини ҷавонӣ», «Имрӯз ва ҳама рӯз», «Ишқи нахустин» ва ғайраҳо ҳам доди ҳунарро додааст. Инчунин дар бисёр саҳнаю намоишномаҳои телевизионӣ фаъолона иштирок намудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Назриев Асалбек // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 468. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.