Асар - маҳсули эҷодии муаллиф аст. Асар бояд ба якчанд талабот ҷавобгӯ бошад. Аввалан, асар бояд маҳсули зҷодии худи муаллиф бошад, маҳсули фаъолияти шахси дигар набошад. Дуюм, асар бояд дар шакли объективӣ (хаттӣ), даҳонӣ, тасвирӣ ва ғайра ифода ёбад. Он фаҳмиш ва тасаввуре, ки дар хотири муаллиф аст, асар эътироф намешавад. Он бояд дар ягон шакл ифода карда шавад. Ғоя, усул, равия ҳамон вақт асар дониста мешавад, ки ифода карда шавад. Асар дар соҳаи илм, адабиёт ва санъат буда метавонад.[1].

Нигаред низ

вироиш

Қонун (дар ҳуқуқ)

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.57