Аскарбозӣ, милтиқбозӣ, тарақ-тарақ, камонбозӣ — ин бозӣ барои бачаҳо хос аст. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар даст ба ҷойи силоҳ чӯбпораҳои каҷ ба мисли тапончаву туфанг мегиранд. Як гурӯҳ чашмонашонро мепӯшанд. Гурӯҳи дигар дар хонаву паси девор, болои дарахтон, пушти гулу буттаҳо, пастхамиҳо ва дигар ҷойҳо пинҳон мешаванд ва баробари ба ҷустуҷӯ баромадани гурӯҳи чашмпӯшида, кӯшиш мекунанд, ки пештар аз ҳариф пақ-пақ гӯён, ба сӯйи онҳо «тир» андозанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1, Душанбе, 2015.

Нигаред

вироиш


Манобеъ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 210