«Асосу-л-балоғат» (ар. أساس البلاغة‎) — луғати тафсирии забони арабӣ, ки онро имом Ҷоруллоҳ Абулқосим Маҳмуд ибни Умар аз-Замахшарӣ таҳия намудааст.

Асосу-л-балоғат
Жанр фарҳанги луғат
Нависанда Маҳмуд Замахшарӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ

Муаллиф дар «Асосу-л-балоғат» мақсад гузоштааст, ки маъноҳои ҳақиқии луғавӣ ва маҷозиро аз ҳам ҷудо кунад ва кинояҳову тасреҳоти забониро муайян созад. «Асосу-л-балоғат» дар боби худ бесобиқа аст. Он ҳамчун асоси балоғату баён ва марҷаи муҳимми дарки каломи бадеъ дар забони арабӣ маҳсуб мешавад. «Асосу-л-балоғат» дар як муҷаллад ва аз 28 китоб (боб) иборат буда, калимаву ибороти тафсиршаванда дар он ба тартиби алифбоии дақиқ оварда шудаанд.

Адабиёт

вироиш
  • جارالله ابوالقاسم محمود بن عمر الزمخشری. أساس البلاغة. بیروت، ۱۹۸۲