АСПЕРГЍЛЛ (Aspergillus), навъе аз занбӯруғҳои халтачадор. Асосан ба воситаи конидия (спораҳои афзоиши ғайриҷинсӣ) меафзояд. Чунин занбӯруғҳо мавҷудоти сода буда, дар қисми болои онҳо, ки пуфакмонанд аст, ҳуҷайраҳои спорадор – фиалидҳо (силсилаи конидияҳои якҳуҷайрагӣ) ҷой гирифтаанд. Бештари аспергиллҳо сапротроф (ғизояшон аз пӯсидаҳост) ва баъзан паразит буда, дар хоку деворҳои намнок, хӯрокворӣ (нон, гӯшт, сабзавот) ва ғайра маскан мегиранд. Дар ҷое, ки аспергилл инкишоф ёфтааст, мағори сиёҳ ё сабз пайдо мешавад. Баъзе намудҳои аспергилл дар маснуоти филиззӣ, пластмассӣ, чӯбин ва ғайра ҷойгир шуда, онҳоро хароб месозанд. Аспергиллҳои беморизо (Aspergillusfumigatus, Aspergillusgla­ucus, Aspergillusni­dulans ва ғайра) ангезандаи касалиҳои одам, чорво ва парандаҳо ме­бошанд (ниг. Аспергиллёз, Микозҳо). Занбӯруғи Aspergillusflavus дар меваи арахис ва хӯроки чорво инкишоф ёфта, заҳри афлототоксин ҷудо мекунад, ки барои ҷигари одам ва ҳайвон хеле хавфнок аст. Аспергиллҳои манфиатовар (Aspergillusflavus, Aspergillusoruzae, Aspergillus parasitucus) низ мавҷуданд. Онҳоро барои истеҳсоли антибиотикҳо, ферментҳо ва кислотаҳои органикӣ истифода мебаранд. Аз Aspergillusniger ҷавҳари лиму ва кислотаи оксалат мегиранд. Аз занбӯруғи Aspergillusfumigatus антибиотики фумагиллин ҳосил мекунанд, ки он барои табобати амёбиаз ва пешгирии нозематоз ба кор меравад.

Аспергилл
Аспергилл

Адабиёт

вироиш
  • Тахтаджян А. А., Горленко М. В. Мир растений. Т. 2. Москва, 1991.