АСПЍДҲÓ (аз юн. aspidos – мори заҳрдор) — морҳои обии заҳрдор. Аспид ба мори обиимуқаррарӣ монанд мебошанд, вале дар ҷоғи боло дандони заҳр доранд. Заҳри аспидҳо бештар ба силсилаи асаб таъсир мекунад; онро дар тиб истифода мебаранд. Аспидҳо 181 намудро дар бар мегиранд; дар Осиёи Марказӣ, Австралия, Осиёи Ҷанубӣ, Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ вомехӯранд. Одатан, дар замин, баъзан дар болои дарахтон зиндагӣ мекунанд. Ғизои аспидҳо калламуш, калтакалос ва қурбоқа аст. Баъзе аспидҳо морҳои зиндазо мебошанд.

Кобраи мисрӣ
Кобраи мисрӣ

Адабиёт

вироиш