Аспи Троя
ÁСПИ ТРÓЯ, аспи чӯбини бузург дар асотири Юнони Қадим, ки дар Ҷанги Троя (асрҳои 13–12 то милод) нақши ҳалкунанда бозидааст. Ҷанг байни троягиҳо ва данайҳо аз он сабаб сар зад, ки шоҳзодаи Троя – Парис юнонидухтари соҳибҷамол Еленаро дуздид. Шавҳари Елена, шоҳи Спарта – Менелай бо бародараш Агамемнон лашкариёни юнониро ҷамъ намуда, ба Троя ҳуҷум кард. Ахейҳо муддати дароз Трояро муҳосира намуда, пирӯз нашуданд ва ҳилае ба кор бурданд. Онҳо аз чӯб аспи бузургеро сохта, дар назди девори қалъаи Троя гузоштанд ва ба киштиҳо савор шуда, вонамуд карданд, ки мераванд. Асп пешкаш ба илоҳаи Афина буда, дар паҳлуяш навиштаҷоти «Ин ҳадя ба Афина аз данайҳои баргашта раванда»-ро дошт. Вақте ки коҳин Лаокоонт аспро дид, аз ҳилаи данайҳо огоҳ шуда хитоб намуд: «Ман аз данайҳо, ҳатто аз ҳадяоварандаҳои онҳо ҳарос дорам!» Лекин троягиҳо огоҳии Лаокоонт ва пешгӯии Кассандраро гӯш накарда аспро ба шаҳр дароварданд. Дар дохили асп 50 ҷанговари хуб (дар сарчашмаҳо дар мавриди шумораи ҷанговарон ихтилоф ҳаст) пинҳон шуда буданд. Нисфи шаб онҳо аз асп баромада, посбононро куштанд, дарвозаи шаҳрро кушоданд ва ҳамроҳонашонро дароварда, шаҳрро забт намуданд. Ҳоло ибораи аспи Троя ба маънои «ҳила», «амали махфӣ» ё «нияти маккорона» истифода мешавад.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ М. Холов
- А. Кравчук А. Троянская война: Миф и история. Москва, 1985.