Аспи асили савории англисӣ

Аспи асили савории англисӣ — зоти аспҳои саворӣ; хушзоттарин аспи ҷаҳон.

Аспи асили савории англисӣ
Аспи асили савории англисӣ

Таърих

вироиш

Ибтидои садаи XVIII дар Англия дар натиҷаи ҷуфткунии аспҳои савории маҳаллӣ бо аспҳои бидави арабӣ, туркманӣ, неаполитанӣ ва форсӣ ба вуҷуд овардаанд. Англисҳо онро «thro­ughbred» меноманд, ки маънояш «олиташаккул» аст. Саромади зоти ин асп се нарёни асили саворӣ — Турок Бйерлей, Дарлей Арабиан ва Годолфин Барб мебошанд. Турок Бйерлейро ба Британияи Кабир соли 1683 бурдаанд. Эҳтимол меравад, ки он зоти ас­пи арабӣ буд. Дарлей Арабиан ба Англия соли 1704 бурда шудааст. Мақоми он дар падид овардани зоти ин асп ниҳоят воло мебошад. Годолфин Барб дар Яман ба дунё омадааст. Онро аввал ба Сурия, баъдан ба Тунис бурда, оқибат ба шоҳи Фаронса туҳфа кардаанд. Мувофиқи баъзе ривоятҳо онро Граф Гедолфин харида, барои рӯёндани дигар зотҳои асп истифода бурдааст. Дар натиҷаи бо Рок­сана ном асп ҷуфткардани он тойчае ба дунё омад, ки Лэс (Lath) ном гирифт ва тездавтарин аспи Англия шуд.
Ин асп хурдсар, гардандароз, борикпой ва паҳнпушт мебошад. Бештар адҳам-тӯруқ, сиёҳ-тӯруқ, сиёҳ­мушкин ва абраш мешавад. Қади нарёнаш 163 (даври қафаси синааш 190, банди пояш 20-20,5), модиёнаш 161 (даври қафаси синааш 184, банди пояш 19,5) см; баландии қади баъзе нарёнҳо то 175 ва даври қафаси синаашон то 200 см аст; қаду басти зебо дошта, бидавтарин аспи дунёст. Суръати дави рекордиаш: 1000 м дар 53,6 сония; 1600 м дар 1 дақиқа 31 сония; 2000 метр дар 1 дақиқа 53 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 23 сония; 3200 метр дар 3 дақиқа 18,2 сония; 7000 метр дар 8 дақиқа 16,2 соли Он барои ба вуҷуд овардани аспҳои венгерӣ, тракененӣ, ганноверӣ, мекленбургӣ, будёновӣ, қустанайӣ, украинӣ, тоҷикӣ ва ғайра истифода гардидааст. Нарёнҳои онро барои ба вуҷуд овардани аспҳои варзишӣ низ истифода мебаранд.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Книга о лошади. Т. 1-5. Москва, 1952—1960;
  • Свечин К. Б. (ва дигарон). Коневодство. Москва, 1984;
  • Камбедов Б. Д. (ва дигарон). Лошади России: полная энциклопедия. Москва, 2002.

Сарчашма

вироиш