Асрор-ут-танзил ва анвор-ут-таъвил


«АСРÓР-УТ-ТАНЗЍЛ ВА АНВÓР-УТ-ТАЪВЍЛ», (ар. اسرار التنزیل وانوار التأویل) асари имом Фахруддин Музоид ибни Умари Розӣ (ваф.1209) дар аҳкоми ислом, муво­фиқи муқаддима иборат аз як ҷилд дар чаҳор қисм: қисми аввал дар усул; дувум дар фурӯъ; севум дар ахлоқ ва чаҳорум дар наъту муноҷот ва дуъоҳо. То ҷое, ки маълум аст, муаллиф қабл аз итмоми китоб вафот мекунад ва танҳо қисми якуми онро анҷом додааст.

Адабиёт

вироиш
/ С. Шаҳобуддинов.
  • کشفالظ نونعناسامیالکتبوالفنون. حاجیخلیفة. ج.۱. بیروت،۲۰۰۷