«АСРÓР-УШ-ШУҲУД» (ар. اسرارالشهود) маснавии ирфонӣ, ки яке аз машоихи тариқаи нурбахшия Шамсуддин Муҳаммад ибни Яҳёи Лоҳиҷӣ, мутахаллис ба Асирӣ (вафот 1506) ба забони форсӣ таълиф кардааст. Ин маснавӣ дар баҳри рамал ва беш аз се ҳазор байт буда, Лоҳиҷӣ онро дар тақлид ба «Маснавӣ»Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва ба вазну сабки он суруда, дар он оёту аҳодис ва достонҳои орифону бузургонро ба кор бурдааст. Илова бар ин дар он маънии баъзе аз исмҳои ба таври мармуз дар матнҳои ирфонӣ бакоррафтаро ба таври возеҳу равшан баён кардааст. «Асрор-уш-шуҳуд» бори аввал соли 1365 ҳиҷрии шамсӣ бо тасҳеҳи доктор Бароти Занҷонӣ ва сипас соли 1368 ҳиҷрии шамсӣ бо тасҳеҳи Саййидалии Оли Довуд дар Теҳрон ба табъ расидааст.

Адабиёт

вироиш
/ С. Шаҳобуддинов.
  • شمسالدینمحمدلاهیجی. مفاتیحالاعجازفیشرحگلشنراز. تهران،۱۳۷۱