Воҳидов Асрор Акрамович (20 октябри 1995, Исфара) — муштзани тоҷик, чемпиони сабуквазни ҷаҳон (48 кг) миёни наврасон дар ш. Остона (июли 2011), Устоди дараҷаи байналмилалӣ.

Асрор Воҳидов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус муштзанӣ
Зодрӯз 20 октябр 1995(1995-10-20) (29 сол)
Зодгоҳ
Қад 155 сантиметр

Зиндагинома

вироиш

Аз даҳсолагӣ бо ҳидояти бародарзодааш Ф. Охунов, ки аз мураббиёни нахусти ӯст, вориди дунёи бокс шуд. Баъдан тамринро таҳти роҳбарии устоди номдор Д. Фатҳуллоев идома дода, соли 2011 нахустин медали тилои чемпионати Тоҷикистон ва баъдан медали тилои чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро ба даст овард. Ассотсиатсияи бокси ғайрикасбӣ (АИБА) зимни натиҷагирии фароянди сол Асрор Воҳидовро беҳтарин боксёри навраси ҷаҳон дар соли 2011 эълом дошт ва ба ҷоизаи вижа қадр намуд.

Сарчашма

вироиш
  • Воҳидов Асрор Акрамович / А. Салимзода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.


Пайвандҳо

вироиш