Асрор Сатторов
Асрор Қаҳҳорович Сатторов (тав.11.12.1981, д. Шуҳратёр, ҷамоати деҳоти Гулистони ш.Ваҳдат) — олим, номзади илмҳои педагогика (2016). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2016).
Асрор Қаҳҳорович Сатторов | |
Таърихи таваллуд | 11 декабр 1981 (42 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ваҳдат ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2016). |
Зиндагинома
вироишАсрор Сатторов хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2004). Фаъолиятро ба сифати китобдори мактаб оғоз намуда (1988-1989), сипас ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёт (2004-2005), муовини директор оид ба таълими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 656 №106 ш.Ваҳдат (2005-2010), аспиранти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон идома додааст. Солҳои 2010-2017 ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Пажуҳишгоҳи рушди маорифи АТТ ва 2017-2020 мудири кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ буд. Шуруъ аз соли 2021 дар кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Дар мавзуи “Ташаккули арзишҳои маънавӣ ва нақши он дар таъини мавқеи иҷтимоии фориғини мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, бештари таълифоташ ба ҳамин мавзуъ ихтисос дода шудааст. Зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, методӣ ба табъ расонидааст. Бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), нишони сарисинагии Аълочии маорифи Тоҷикистон (2016) ва ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
Осор
вироиш- Фурӯғи абадият (бозёфт, омӯзиш, ҷустуҷӯ, кӯшиш, дарёфт, саъйу талош, муваффақиятҳо, нишондодҳо, дастовардҳо, мулоҳизаҳо, андешаҳо...). Д., 2016; Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни таърихи педагогикаи ҷаҳон. Д., 2019;
- Лоиқдардошнои қалам. Д., 2016;
- Барномаи таълимӣ аз фанни педагогика ва психологияи касбӣ барои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ. Д., 2021.