Ассамблея

саҳифаи маъноҳои Викимедиа


АССАМБЛЀЯ (аз фаронсавӣ assemblee – маҷлис), анҷуман, ба мафҳуми васеъ маҷлиси одамон барои ҳалли мақ­садҳо ва вазифаҳои мухталифи ҷамъиятҳову давлатҳо, ки мунтазам тибқи тартиби муқарраргардида ҷамъ меоянд. Ба мафҳуми нисбатан маҳдуд дар сохтори баъзе давлатҳо ба унвони муассисаи намояндагӣ истифода мешавад, ҳамчунин номи мақомоти гуногуни байналмилалии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динист. Чунончи, Ассамблеяи Миллии Фаронса – палатаи поёнии парламент; Ассамблеяи Миллии ҳоки­мияти халқӣ – парламенти Куба; Ассамблеяи байнипарламентӣ – мақоми ИДМ, ки аз вакилони давлатҳои ИДМ иборат аст.

Адабиёт

вироиш