Ассамблеяи Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ


Ассамблеяи Иттиҳоди Аврупои Ғарбӣ(АИАF) Ассамблеяи парламентии Аврупо оид ба амният ва мудофиа, ташкилоти парламентии байналмилалӣ. Соли 1955 мутобиқи Мувофиқатномаи с. 1954 Париж таъсис дода шудааст. Мақсаду мароми ин ташкилот: баррасии масъалаҳои марбут ба амният ва мудофиа, ташкили фаъолияти Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ ва безараргардонии мухосиматҳо; таъмини иштироки қувваҳои мусаллаҳ ва жандармерияи мамлакатҳои узви фаъолияти байналмилалии ҳифзи сулҳ. Мақоми роҳбарикунандаи ин ташкилот Бюро буда, аз раис ва муовини ӯ иборат аст. Соли 2004 байни Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва АИАF шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ –Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.27

Ассамблеяи парламентии Шӯрои Аврупо

Манобеъ вироиш

Пайвандҳо вироиш