Ассимилятсия (забоншиносӣ)


АССИМИЛЯТСИЯ, идғом, дар забоншиносӣ, монандшавии яке аз овозҳо (фонемаҳо) ба овоз (фонема)-и дигар дар ҷараёни нутқ. Ин ҳодиса дар натиҷаи мутобиқати овозҳои ҳамнишин ба амал меояд. Масалан: танбӯр – тамбӯр, мазкур – маскур, изҳорот – исҳорот, ибтидо – иптидо ва ғайра Овозҳои ҳамнишин (ҳамсадоҳо) аз рӯйи чор хусусият: кори садопардаҳо, кори узви фаъол (ё махраҷи овозсозӣ), тарзи тавлид ва аз рӯйи иштироки резонаторҳо ба ҳам монанд мешаванд. Ассимилятсияро вобаста ба дараҷаи монандшавии овозҳо ба ду гурӯҳ: пурра ва нопурра ҷудо мекунанд. Ассимилятсияи пурра дар мавриди ҳамнишинии овозҳои ҳамъузв амалӣ мегардад ва дар ин маврид як овоз овози дигарро пурра ба худ монанд мегардонад: садто – сатто, бадтар – баттар ва ғайра. Дар ассимилятсияи нопурра як овоз ба овози дигар қис­ман (аз ҷиҳати ҷарангнокӣ, беҷарангӣ, артикулятсионӣ) монанд мешавад: чанбар – чамбар, обанбор – обамбор, хубтар – хуптар, вазнин – вазмин ва ғайра Вобаста ба самт ассимилятсияро ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд: пешрав (прогрессивӣ) ва пасрав (регрессивӣ). Ассимилятсияи овози баъдинаро ба овози пешина ассимилятсияи пешрав (қасд – қаст, тасдиқ – тастиқ) меноманд, ки ин навъи монандшавӣ ба забони тоҷикӣ хос нест. Ассимилятсияи овози пешина ба баъдинаро (санбӯса – самбӯса, ибтидо – иптидо, изҳорот – исҳорот, якшанбе – якшамбе) ассимилятсияи пасрав меноманд.

Адабиёт

вироиш
  • Луғати терминҳои забоншиносӣ.Душанбе, 1983;
  • Хаскашев Т. Фонетикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе, 1984;
  • Т. Хаскашев, С. Қурбонов. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе, 1985.