Ассотсиатсия (иқтисод)

Ассотсиатсия дар иқтисод — муттаҳидшавии ташкилоту муассисаҳо ё шахсони алоҳида барои иҷрои мақсадҳои умумии хоҷагӣ, сиёсӣ, илмӣ, маданӣ ва ғайра Ба ассотсиатсияи иқтисодӣ ширкатҳои саҳҳомӣ, монополияҳо ва ба ин монанд ташкилотҳо мансубанд.

Дар Тоҷикистон тариқи муттаҳидшавии созмонҳо, муассисаҳо ва ашхоси ҷудогонаи соҳаҳои мухталиф ассотсиатсияҳои гуногун таъсис ёфтаанд, масалан, ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон, ассотсиатсияи воситаҳои мустақили электронии иттилооти оммавии Тоҷикистон, ассотсиатсияи муаллимони забони англисии Тоҷикистон ва ғайра.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш