Ассотсиатсия (кимиё)


АССОТСИÁТСИЯ дар кимиё, ба моддаҳои нисбатан мураккаб якҷоя шудани молекула ё ионҳои сода, ки дар натиҷа табиати кимиёвии онҳо тағйир намеёбад. Ассотсиатсияионӣ ва молекулавӣ мешавад. Ҳосил гаштани ассотсиатсияҳои ионӣ ба қувваи электростатикӣ вобаста аст. Ассотсиатсияҳои ионии сода зарраҳои заряднок ё нейтралӣ буда, аз ду ё се ион таркиб ёфтаанд. Масалан:

Ba2 + Cl–[BaCl]+; Aq++NO–3[AqNO3]0

Ассотсиатсияи молекулаҳо дар натиҷаи таъсири қувваҳои байни­молекулавӣ ба амал меояд. Масалан, ассотсиатсияи молекулаҳои об (H2O)n, спирт (R – OH)n ва ғайра (ниг. низ Банди кимиёвӣ). Ассотсиатсия ба хосияти физикии моддаҳо таъсир мекунад. Нисбат ба ҳосилаҳояшон баланд будани ҳарорати ҷӯшиши спиртҳо, кислотаҳо ва баъзе моддаҳои дигар (масалан, ҳарорати ҷӯшиши этанол 78°С, ҳарорати ҷӯшиши эфири диметил 24°С аст, ҳол он ки массаи молекулавии ҳар ду баробар мебошад) ба ассотсиатсияи молекулаи онҳо вобаста аст. Ассотсиатсияба хосияти маҳлулҳо таъсир мерасонад. Онро барои ҳосил кардани пайвастҳои комплексӣ кор мефармоянд.

Адабиёт

вироиш
/ М. Давлатов