Ассотсиатсия (равоншиносӣ)

Ассотсиатсия — дар равоншиносӣ (психология) робитаест, ки дар шароити муайян байни ду ва бештар унсури фаъолияти рӯҳӣ (эҳсосот, идрок, тасаввурот, фикр ва ғайра) ба вуҷуд меояд; таъсири ин робита аз он иборат аст, ки пайдоиши як узви ассотсиатсия боиси пайдо гардидани узви дигари он мешавад. Арасту ассотсиатсияро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад: ассотсиатсияи муштарак (дар фазо ва вақт), ассотсиатсияи шабоҳат (масалан, заврақ — киштӣ), ассотсиатсияи тафовут (масалан, туруш — ширин). Рефлекси шартие, ки И. В. Павлов кашф намудааст, асоси псиҳофизиологияи ассотсиатсияро ташкил медиҳад.

Адабиёт

вироиш
  • Краткий психологический словарь. Москва, 1984.
  • Луғати мухтасари истилоҳоти педагогика. Душанбе, 1988.