Сайёрак
Сайёрак (форсӣ: سیارک), астероид (аз юн.-қад. ἀστεροειδής — «ситорамонанд», аз ἀστήρ — «ситора» и εἶδος — «навъ, зоҳир») — ҷирми хурди осмоние бо қутри 1 то 1000 км (аксаран дар байни мадори ҳаракати Муштарӣ ва мадори Миррих), ки дар гирди Офтоб меградад. Астероидҳо аз сайёраҳо хурдтар бошанд ҳам, баъзеашон радиф доранд. Ҳамин аст, ки онҳоро «сайёраи хурд» низ меноманд.
Истилоҳ
вироишИстилоҳи «астероид»-ро дар илм бори аввал ситорашиноси англис У. Гершел ворид кардааст. Яке аз усулҳои таснифоти астероидҳо андозаи онҳо мебошад.
Ба гурӯҳи астероидҳо ҷирмҳое дохиланд, ки қутрашон бештар аз 50 м аст. Астероидҳо ҳангоми ба атмосфераи Замин дохил шудан насӯхта, ба сатҳи Замин меафтанд, ҳол он ки шиҳобҳо дар атмосфера пурра месӯзанд. Ин далели фарқкунандаи астероидҳо аз зузанабҳо мебошад. Ҳоло дар манзумаи Офтоб то 1,9 млн ҷирми осмонии ба андозаи беш аз 1 км маълум аст. Аз 482419 ҷирми кашфшуда мадори 231665-тои онҳо ба ҳисоб оварда ва ба онҳо рақами расмӣ дода шудааст, ки аз он ҷумла 15615 ҷирм номи расмӣ гирифт (2011). Аксари астероидҳои маълум дар ҳудуди «минтақаи астероидҳо» дар байни мадорҳои Миррих ва Муштарӣ ҷамъ омадаанд.
Ҷирми умумии ҳамаи астероидҳо камтар аз ҳафтсадяк ҳиссаи ҷирми Офтоб (ё 4 % ҷирми Моҳ) аст. Бузургтарин астероиди Манзумаи Офтоб Серера аст, ки андозаҳои 975×909 км ва массаи 0,95•1021 кг дорад (ин астероид аз 24 августи 2006 ба гурӯҳи резасайёраҳо дохил шуд). Ду астероиди бузургтарини дигар «2 Паллада» ва «4 Веста» мебошанд, ки қутрашон тақрибан 500 км аст. «4 Веста» ягона астероиди минтақаи астероидҳо аст, ки дар чашми номусаллаҳ менамояд. Аввалҳо ба астероидҳо номҳои қаҳрамонони асотири румӣ ё юнониро медоданд. Вале ҳоло кашшофи астероид ба он номи дилхоҳи худро мегузорад. Астероидҳое, ки мадорашон ба дурустӣ таъйин нашудаанд, то ҳанӯз беноманд ва танҳо рақами тартибӣ доранд (масалан: 1950 DA; солу моҳи кашф).
Таснифи астероидҳо дар асоси тавсифоти мадор ва спектр (тайф)-и намоёни рӯшноии аз сатҳи он инъикосшудаи Офтоб сохта мешавад. Астероидҳодар асоси тавсифи мадорашон ба гурӯҳҳо ва оилаҳо низ ҷудо мешаванд. Соли 1975 Кларк Р. Чапмен, Дэвид Моррисон ва Бен Селлнер таснифоти спектрии астероидҳоро оғоз карданд, ки ба ранг, албедо ва тавсифи спектри нури инъикосшуда асос ёфта буд. Дар ибтидо ин таснифот се навъи астероидҳоро (навъи С — карбонӣ, 75 %; силитсиявӣ — 17 %; филиззӣ — 8 %) дарбар мегирифт. Баъдҳо таснифот хеле фарох шуд ва ҳоло ба 11 навъ тақсим мешаванд. Саҳми олимони тоҷик дар кашф ва таҳқиқи астероидҳо арзанда буда, онҳо ба шарафи кашшоф, расадхона ва давлати мо номгузорӣ шудаанд: «Бобоҷонов» (7164), «Бахарев» (4011), «Герасименко» (3945), «ГисАО» (2746), «Доброволев» (3013), «Ибодинов» (3436), «Киселёв» (4206), «Тоҷикистон» (2469) ва «Чернов» (4207).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Астероид / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Дагаев М. Москва, Чаругин В. М. Астрофизика. Москва, 1988;
- Миронов П. Астероиды. Москва,2011.