Асфор-ул-ақл-ил-арбаъа


«АСФОР-УЛ-АҚЛ-ИЛ-АРБАЪÁ», Асфор, асари фалсафӣ ва ирфонии Садруддини Шерозист. Дар он муаллиф инкишофи афкори маънавию фалсафиро аз аҳди қадим то рӯзгори худ мавриди баррасӣ қарор додааст. Китоби мазкур дар охирҳои ҳаёти муаллиф дар ҳаҷми беш аз 2000 саҳифа навишта шудааст ва аз ин рӯ, дар «Асфор-ул-ақл-ил-арбаъа» ғояҳои асосии осори гуногуни қаблан таълиф­шуда­ашро ҷой додааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқон онро асари асосии Садруддини Шерозӣ – намояндаи мактаби фалсафии Ис­фаҳон мешуморанд. Муаллиф дар «Асфор-ул-ақл-ил-арбаъа» ақоиди фалсафии Афлотун, Арасту, Ибни Сино, Ибни Таймия, Шаҳобуддини Суҳравардӣ, Насируддини Тусӣ ва дигарон-ро мавриди баҳс қарор дода, аввал асли матлабро баён ва зимни он назари худро иброз медорад.

Дар «Асфор-ул-ақл-ил-арбаъа» муаллиф чаҳор сафари рӯҳониро мавриди таҳлил қарор додааст, ки солики тариқат бояд онҳоро тай намояд. Сафари аввал «Мин-ал-халқи илал-л-ҳаққӣ» («Аз халқ ба ҳақ») ном дорад, ки бояд солик ба воситаи тасфияи ботинии қалби худ ҳақиқати Худовандро бишносад. Дар сафари дуюм – «Мин-ал-ҳаққи илал-л-ҳаққи бил-ҳаққи» («Аз ҳақ ба ҳақ ба воситаи ҳақ») – солики тариқат сифатҳо ва дигарон нишонаҳо (атрибутҳо)-и Худовандро мешиносад ва аз худ бегона мешавад. Дар сафари сеюм – «Мин ал-ҳаққи илал-л-халқи билҳақ» («Аз ҳақ ба халқ ба воситаи ҳақ») солик тамоман аз худ бехуд мешавад (олами моддиро фаромӯш мекунад) ва ҷараёни офариниши оламро дарк менамояд ва дар охирин – чаҳорумин сафари рӯҳонии «Мин-ал-ҳаққи ила-л-халқи» дарки олами офаридашуда сурат мепазирад. Дар натиҷаи дарки комили ҳақиқати Худованд, солик ба ҳолати аввалаи худ бозмегардад.

Ба ҳамин чаҳор мартабаи сафари солик сохтор ва мантиқи дохилии ин асари фалсафию ирфонӣ мунтабиқ кунонида шудааст. Ба ибораи дигар, дар сафари аввал муаллиф масъалаҳои умумӣ, ба мисли ҷавҳару араз ва дигарон матолиби марбут ба олами моддӣ ва сифату моҳияти ҷисмҳоро аз назари таҳлил мегузаронад. Дар сафари дуюм масъалаҳои ҳастии Офаридгор, асмо ва сифоти Ӯ, ва илми Ӯ, дар сафари сеюм ҳаракати ақлу нафс то пайдоиши олами таҳтулқамар ва дар охирин сафар масъалаи робитаи уқулу нуфуси олами улвӣ бо ақлу нафси одамӣ, муносибати ҷисму рӯҳ ва дигарон матолиби рӯҳонию ҷисмонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба «Асфор-ул-ақл-ил-арбаъа» тафсирҳои зиёде, аз ҷумла тафсири Муҳаммади Бегободӣ, Алии Нурӣ, Исмоили Исфаҳонӣ, Муҳаммади Қумшаӣ, Алии Мударриси Табрезӣ навишта шудаанд. Таф­сири комилу батафсил ба ин асарро Мулло Ҳодии Сабзворӣ нигоштааст. «Асфор-ул-ақл-ил-арбаъа»-ро бо тафсири Мулло Ҳодии Сабзворӣ дар чаҳор ҷилд бори аввал Муҳаммадалии Қазвинӣ соли 1904 ба чоп расонид. Аз рӯи ин нашр Муҳаммадризо Музаффар дар нашриёти «Доиратулмаорифи исломия» «Асфор-ул-ақл-ил-арбаъа» -ро дар 9 ҷилд бо муқаддимаи муфассали худ дар Қум чоп кард.

Адабиёт вироиш

/ М. Ҳазратқулов.
  • اسفارالعقلالاربعة. جلد۱-۹. قم،بدونسالنشر؛
  • دائرةالمعارفبزرگاسلامی. جلد۸. تهران،۲۰۰۶