Асҳоби Ақаба
Асҳоби Ақаба (ар. أَصْحَابِ عَقَبَة – номи водӣ) – ба гурӯҳе аз мардуми ансор гуфта мешавад, ки пеш аз ҳиҷрат дар наздикиҳои Мино дар гарданаи водие бо номи Ақаба, он ҷо ки Ҷамраи якуми Ақаба воқеъ шудааст,шабона бо Расули акрам (с) байъат карданд.
Таърих
вироишПайғамбар (с) вақте аз имони мушрикони Қурайш маъюс гардид, ба даъвати қабилаҳои атроф ва мардуми сарзаминҳои дуртар пардохт. Он ҳазрат (с) бо истифода аз айёми ҳаҷ ба даъвати мардум ва қабилаҳое пардохт, ки дар он мавсим аз гӯшаву канори сарзамини араб ба Макка меомаданд. Тақрибан се сол пеш аз ҳиҷрат – соли ёздаҳуми рисолат Паёмбар (с) дар яке аз чунин талошҳои даъватияш дар Мино богурӯҳе аз мардуми қабилаи Хазраҷ вохӯрд ва онҳоро пас аз шиносоӣ ба Ислом даъват кард. Онҳо, ки аз шаш нафар иборат буданд, даъвати Паёмбар (с)-ро пазируфтанд ва пас аз бозгашт ба даъвати мардуми Мадина пардохтанд.
Соли дигар низ – соли дувоздаҳуми рисолат – Паёмбар (с) бо гурӯхе аз мардуми қабилаҳои Авс ва Хазраҷ – сокинони шаҳри Ясриб (номи Мадина пеш аз Ислом) вохӯрд ва онҳоро ба Ислом даъват кард. Мардуми Авс ва Хазраҷ, ки қаблан хабари зуҳури қарибулвуқӯи паёмбареро дар пешгӯиҳо ва башоратҳои аҳли Китоб аз яҳудиёни Мадина шунида буданд, ба вай имон оварда ва бо ӯ байъат карданд. Дар ин вохӯрӣ аз мардуми ансор дувоздаҳ нафар – даҳ хазраҷӣ ва ду авсӣ– иштирок доштанд ва он дар таърих бо байъати якуми Ақаба шинохтамешавад.
Убода ибни Сомит – яке аз асҳоби байъати Ақаба– мегӯяд: «Пас бо Расули Худо (с) бар асоси байъати занон байъат кардем ва ин пеш аз фарз гардидани ҷанг буд: бар ин ки ба Худо ширк наёварем, дуздӣва зино накунем, фарзандони худро накушем, туҳматеро аз пеши худ набофем ва ӯро дар ҳечкори хайре нофармонӣнакунем. (Паёмбар (с) фармуд): агар вафо кардед, пас бароятонҷаннат бошадва агар дар чизе аз он ғаш намудед, пас кори шумобо Худои азза ва ҷалл аст, агар хоҳад шуморо азоб ва агар ҳам хоҳад, мағфират намояд». Расули Худо (с) Мусъаб ибни Умайрро барои таълими онҳо ҳамроҳ ба Мадина фиристод. Мусъаб (р) ба ин тартиб нахустин муаллим, сафири Ислом ва намояндаи Расули Худо (с) дар шаҳри Мадина мебошад.
Дар Қуръони карим дар бораи байъати занон ояте нозил шуда, ки дар назди аҳли илм ба ояти байъати занон машҳур аст, он ҷо ки мефармояд:
«Эй Паёмбар, вақте занони муъмина ба назди ту оянд, то бо ту байъат кунанд, ки чизеро ба Худо шарик наёваранд ва дуздӣ ва зино накунанд ва фарзандони худро накушанд ва туҳмате аз пеши худ набофанд вадар ҳеч кори хайреаз ту нофармонӣ накунанд, пас аз онҳо байъат бигир ва барояшон аз Худо мағфират бихоҳ, ки Худо омурзандаи меҳрубон аст»[1].
Соли дигар – соли сездаҳуми рисолат/моҳи июни соли 622 милодӣ – мардуми ансор бо шӯру шавқ ва омодагии бештаре ба дидори Паёмбар (с) шитофтанд ва дар ҳамон гар¬данаи Ақаба ҳайате аз ҳафтоду панҷнафарбо ӯ вохӯрданд, ки ду нафари онҳоро занон ташкил медоданд. Онҳо пас аз байъат аз Расули Худо (с) хостанд, ки ҳамроҳи тамоми мусулмонон ба Мадина ҳиҷрат намояд. Паёмбар (с) даъвати онҳоро барои ҳиҷрат пазируфт ва пас аз муддате худи ҳамон сол ба Мадина ҳиҷрат кард.
Дар ин вохӯрӣ амаки Паёмбар (с) Аббос низ ҳузур дошт. Вай ба сухан баромад ва хитоб ба мардуми ансор гуфт: -Эй мардуми Хазраҷ, Муҳаммад дар ҳимояи қавми худ аст ва ӯ акнун мехоҳад ба шумо бипайвандад. Шумо агар худро ба даъвати вай вафодор бинед ва ӯро аз мухолифонаш ҳимоя намоед, пас ин шумова он чӣ ба уҳда гирифтаед. Вале агар бинед, ки ӯро пасаз пайвастан ба шумо раҳо ва таслим месозед,пас аз ҳамин ҳоло ӯро бигузоред, ки дар иззат ва ҳимояи қавми хеш аст! Намояндаи мардуми ансор – Бароъ ибни Маърур гуфт: ӯро аз он чи зану фарзандони худро ҳифз менамоем, ҳимоя хоҳем кард. Асъад ибни Зурора – намояндаи дигари ансор гуфт: Барои мо чӣ бошад? Расули Худо (с) гуфт: «Барои шумо ҷаннат аст». Дигаре гуфт: «Эй Расули Худо, дар байни мо ва мардони дигар пайвандҳое вуҷуд дорад, ки ҳамаро қатъ хоҳем кард, нашавад, ки пас аз он кимо чунин кардем ва Худо туро пирӯз гардонд,моро раҳо созӣ ваба назди қавми худ баргардӣ?» Он ҳазрат (с) табассуме кард ва фармуд:«Балки хун бо хун ва шикастан бо шикастан(зиммаи ман зиммаи шумо ва қарори ман қарори шумо) бошад, ман аз шумо ва шумоаз манед, меҷангам бо касе биҷангед ва сулҳ мекунам бо касе сулҳ бандед». Бо ҳамин байъати дуюми Ақаба низ ба поён расид.
Пас аз итмоми байъат мардум дувоздаҳ нафар – нуҳ хазраҷӣ ва се авсиро бо дархости Паёмбар (с) барои роҳбарӣ ва нақобати худ интихоб карданд, то бар татбиқи шарт¬ҳои паймон назорат баранд. Иштирокчиёни ин ду байъатро дар таърихҳои исломӣА. садаи мегӯянд.
Бинобар ин, баъзе сиранигорон бар ин назаранд, ки мардуми ансор бо Расули Худо (с) дар назди Ақаба дар солҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми рисолат ба тартиб се бор байъат кардаанд, вале аз назари ҷумҳури аҳли суннат, ҳарчанд онҳо бо Паёмбар (с) се бор мулоқот карда бошанд ҳам, дар ду бори он байъат сурат гирифтааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Сураи Мумтаҳана, ояти 12.
Адабиёт
вироиш- مسندالاماماحمد. القاهرة،۱۹۹۵؛
- ابنسعد. سننپیامبروایاماو. بیروت،۱۹۹۵؛
- ابنهشام. سیرةالنبوی. بیروت،۱۹۹۸؛
- المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- الدکتورمصطفیمراد. سیرةالرسول،القاهرة،۲۰۰۵؛
- صحیحمسلم. بیروت،۲۰۰۵؛
- صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷؛
- دائرةالمعارفتاریخاسلام. القاهرة،۲۰۰۷
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.