Асҳоби Раъй
АСҲÓБИ РАЪЙ (арабӣ: أصحاب الرَّأْي), номи яке аз ду гароиши аслӣ ва тамоюли муҳимми фиқҳӣ дар садаҳои нахустини исломӣ, ки ба ҷонибдорӣ аз корбурди шеваҳои иҷтиҳод бо раъй дар истинботи аҳкоми фиқҳӣ шуҳрат ёфтааст ва фақеҳони сарзамини Ироқ, бахусус имом Абуҳанифа ва ёрони ӯ дар таърих ба унвони барҷастатарин намояндагони он шинохта шудаанд. Истилоҳи Асҳоби Раъй бо фароянди таърихиаш ҳамеша дар баробари истилоҳи асҳоби ҳадис қарор дошта, бинобар нисбӣ будани мафҳуми онҳо муайян намудани марзе ва фарқ гузоштан дар байни онҳо душвор аст. Аз баррасии корбурди шеваҳои фиқҳии роиҷ дар назди асҳоби ҳадис ва муқоисаи он бо равишҳои истинбот дар назди Асҳоби Раъй бармеояд, ки ихтилофи ҳар ду гурӯҳ дар корбурди раъй ва асар (ҳадис) амри нисбӣ аст. Ҳатто сахттарин тарафдори мактаби аҳли ҳадис корбурди раъйро дар истинботи аҳком ба таври куллӣ рад накарда, балки онро дар мавридҳои муайян ва ба таври маҳдудтаре ба кор бурдааст ва мухолифати онҳо бештар дар баробари раъйи мазмум будааст. Шадидтарин фақеҳони раъйгаро низ мухолифат бо ҳадиси саҳеҳ ва ривояти муътамадро ҷоиз нашуморида, корбурди раъйро ба мавридҳои хос ва назароти дурусти иҷтиҳодӣ дар чаҳорчӯби шаръ, ҳарчанд бо абъоди васеътаре ҳам бошад, марбут донистаанд.
Корбурди раъй дар фиқҳи исломӣ собиқаи дерина дорад ва решаҳои он ба рӯзгори паёмбари ислом (с) ва замони саҳобагон бармегардад (ниг. Раъй). Равиши корбурди раъй ба маънои аслиаш дар сарзамини Ироқ, бавижа дар шаҳри Куфа пештар аз дигар сарзаминҳои исломӣ ва марказҳои илмии ҷаҳони ислом рушд ва такомул ёфт. Ҳузури бевосита ва ё бавоситаи се тан аз саҳобагони бузург – Умар (рз), Алӣ (рз) ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (рз), ки дар байни асҳоб аз тарафдорони корбурди раъй ба шумор мерафтанд, дар ин сарзамин дар ташаккули сареи ин раванд нақши муассир дошт ва онҳо нахустин поягузорони он будаанд. Тобеини куфӣ ва худи имом Абуҳанифа – намоёнтарин чеҳраи мактаби аҳли раъй амал ба раъйи фиқҳӣ ва усули мактаби худро бар пояи назароти фиқҳии он се саҳоба медонанд. Дар такомули раванди корбурди раъй дар ҳавзаҳои ҳуқуқии сарзамини Ироқ пас аз он ақволи фиқҳии Ибни Аббос ва Ибни Умар низ таъсири созандае доштаанд.
Саҳобагон раъйро ба маънои васеаш, яъне ҳам дар дарки маънои оятҳо ва нусус (далелҳо)-и дигари шаръ, ҳам дар татбиқи дурусти аҳком ва ҳам дар қиёси масоили тоза ба кор мебурданд.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Боқизода А. Абуҳанифа бузургмарде дар таърихи башарият, Душанбе, 2009;
- Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.
- مصطفیشکعه. اماماعظمابوحنيفه. بيروت،۱۹۸۳؛
- سعيدحوّی،تفسيرالاساسفیالقران. جلد۱. القاهرة،۱۹۸۹؛
- محمدقاسمحارسی. جايگاهابوحنيفهدربينمحدثان. مکة،۱۹۹۳؛
- مسندالاماماحمد. القاهرة،۱۹۹۵؛
- عبداللهابنعبدالرحمندارمئسمرقندی. سنندارمی. القاهرة،۲۰۰۰؛
- الدکتوروهبهالزحیلی. تفسیروسیط. دمشق،۲۰۰۰؛
- المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- احمدعلیان. تاریخقانونگزاریوفقهاسلامی. الریاض،۲۰۰۳؛
- دانشنامۀجهاناسلام. جلد۳،تهران،۲۰۰۴؛
- الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- صحیحابنحبّان. بیروت،۲۰۰۴؛سننالترمذی. بيروت،۲۰۰۴؛
- نضرةالنعیمفیمکارماخلاقالرسولالکریم. جدهّ،۲۰۰۴؛
- صحیحمسلم. بیروت،۲۰۰۵؛
- دائرةالمعارفبزرګاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
- صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷؛
- مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱.