Асҳоби Суффа
Асҳóби Суффá (арабӣ: أصحاب صُفَّة аз асҳоб ва суффа – айвон), гурӯҳе аз ёрон ва саҳобагони Расули Акрам (ﷺ), ки пас аз ҳиҷрат худро барои омӯзиши таълимоти ислом ва хидмат дар роҳи Худо фориғ сохтанд ва қисме аз онҳо то поёни ҳаёти Пайғамбар (с) ба бинои манзиле напардохтанд.
Таърих
вироишАсҳоби суффаро асосан муҳоҷироне ташкил медоданд, ки молу дороӣ ва хонаҳои худро дар Макка раҳо ва ба Мадина ҳиҷрат карда буданд. Ба онҳо мусулмонони дигаре низ аз қабилаҳои дуру наздик ҳамроҳ гаштанд. Пайғамбар (ﷺ) барои нишаст ва шабгузаронии онҳо дар шим. шарқии масҷиди худ суффаи болопӯшидае бино карда, онҳоро ба гунаи хос мавриди навозиш ва дастгириҳои моддӣ қарор дода буд, то замоне, ки тадриҷан баъзеҳо соҳиби зан ва манзил гардида, суффаро тарк мекарданд. Аз ин ҷиҳат адади онҳо каму зиёд мешуд. Аз сӯи дигар, ташкили чунин суффа дар оғози ташаккули ислом намунае аз кафолати иҷтимоӣ барои сарпаноҳии муваққатии одамони беманзил буд. Бо беҳ шудани шароити молию манзилии мусулмонон дар замони хулафои рошид он дигар идома дода нашуд.
Абуҳурайраи Давсӣ (601–679) яке аз асҳоби суффа буд, ки дар миёни бештар аз сад ҳазор саҳоба аз ҳама ҳадиси зиёдтар (5374 ҳадис) аз он Ҳазрат (ﷺ) ривоят кардааст. Дар шаъни Аҳли суффа ояте (Қуръон: 2:273) нозил шуда ва эшонро наздиктарин ёрони Расули Акрам (ﷺ) хондааст. «Аҳли суффа меҳмонони ислом буданд, ки маъвое надоштанд. Вақте барои Расули Худо (ﷺ) садақае меомад, онро барои эшон мефиристод ва чизе аз он намегирифт ва вақте ҳадяе меомад, аз он чизе мегирифт ва боқиро барои онҳо мефиристод» (Саҳеҳи Бухорӣ, 6452).
Адабиёт
вироиш- Боқизода А. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011;
- محمدابنعبدالرحمنسخاوی. رجحانالکفةفینبذةمناخباراهلالصفة. الریاض،۱۹۹۵؛
- مسندالاماماحمد. القاهرة،۱۹۹۵؛
- علیمحمدصلابی. سيرۀنبوی (درسهاوپندها). ۲۰۰۰؛
- الدکتوروهبهالزحیلی. تفسیروسیط. دمشق،۲۰۰۰؛
- المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- خیرالدینالزرکلی. الاعلام. جلد۳. بیروت،۲۰۰۵؛
- دائرةالمعارفبزرگاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷؛
- ابنحجر. الاصابةفیتميیزالصحابة. جلد۴. بيروت،۲۰۱۰،مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱
Манбаъ
вироишЭнсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2 / А. Боқизода. Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.