Асҳоби Ҳиҷр
АСҲÓБИ ҲИҶР (арабӣ: أصحاب الْحِجْر аз асҳоб ва ҳиҷр – номи маҳал), қавми ҳалокгашта, ки дар Қуръон бо ин ном дар сураи Ҳиҷр пас аз қавми Лут ва асҳоби Айка зикр гардидааст. Онҳо ҳамон қавми Самуд ҳастанд, ки дар ин ҷо бо номи сарзаминашон Ҳиҷр ёд шудаанд ва «Самуд» номи худи қавм аст. Ҳиҷр водиест дар доманаи куҳҳои мадоини Солеҳ, ки ҳанӯз ҳам бо ҳамон ном маъруф аст ва дар фосилаи 22-километрии шимоли шаҳри Уло воқеъ мебошад. Достони Асҳоби Ҳиҷр бо номи қавми Самуд дар Қуръон тавре баён шуда, ки аз нерӯи тавонои ҷисмонӣ ва рушди тамаддуни моддии онҳо ҳикоят мекунад. (Қуръон: 15:80–84).
Осори бостонии тамаддуни Асҳоби Ҳиҷр ва куҳҳои тарошидаи қавми Самуд ҳанӯз ҳам бо номи «Мадоини Солеҳ» дар сарзамини Ҳиҷр мавҷуданд, ки ҳунари меъморӣ ва тарзи сангтарошии онҳо мавриди таваҷҷуҳи бостоншиносон ва сайёҳон қарор доранд. Ниг. низ Самуд.
Адабиёт
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- ابنکثير. قصصالانبياء. المنصورة،۱۹۹۷؛
- مسندالاماماحمد. القاهرة،۱۹۹۷؛
- الدکتوروهبهالزحیلی. تفسیروسیط. دمشق،۲۰۰۰؛
- القرانالکریم. المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- صحیحمسلم. بیروت،۲۰۰۵؛
- سیرةالرسول. القاهرة،۲۰۰۵؛
- محمدتقئعثمانی. تکمیلۀفتحالملهم. جلد۱۲. بیروت،۲۰۰۶؛
- مصطفیمراد،صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷؛
- شوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۹؛
- ابوالفضلبهرامپور. تفسیریکجلدئمبین. قم،۲۰۱۰؛
مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،* ۲۰۱۱