Атака (мусиқӣ)
АТÁКА (ит. аttaka, дар шакли танҳо аз attaccare – бе таваққуф иҷро намудан), ифодаҳои нотавие, ки ба тағйирёбии суръати дохилии пйесаҳои мусиқӣ, ногаҳону бетаваққуф гузаштан аз як қисм ба қисми дигари оҳанг ишора менамояд: 1) омодасозии узвҳои сарояндагӣ аз ҳолати нафасгирӣ ба садобарорӣ (сурудхонӣ); 2) ҳангоми иҷрои асарҳои мусиқӣ беист аз як қисм ба дигар қисм гузаштан; 3) беихтиёр ва ногаҳон шахшавии дастони навозанда ҳангоми иҷрои аккордҳои заданок.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.54 / Ш. Ҳабибов.