Атеи́зм, бехудоӣ (юн.-қад. ἄθεος — «инкори Худо»[1], «бехудоӣ»; аз  — «бе» + θεός — «Худо»[2]) — як навъи эътиқодест, ки вуҷуди Худо ва мавҷудоти фавқуттабииро рад мекунад. Атеизм дар мавридҳои гуногун вобаста ба матн (қарина) метавонад падидаҳои гуногун, аз ҷумла озодандешии динӣ (озодфикрӣ), шак овардан ба маърифати Худо (агноститсизми динӣ), қатъан рад кардани Худо (атеизмии радикалӣ) ва ғайраро ифода кунад. Атеизм ба мисли дигар инкорҳо ба объекти инкор ё худ теизм бастагӣ дорад ва аз ин рӯ, он худ ба таври мустақилона вуҷуд дошта наметавонад. Атеизм бар ҳайси «танқид»-и дин муқобили он намебарояд, балки муносибаташро нисбат ба таърихи динҳо дар шаклҳои гуногун вобаста ба қаринаҳои таърихию фарҳангӣ муайян мекунад. Атеизм ҳамчун падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ на фақат ба муқобили объекти инкор (дин) мебарояд, балки он ба маҷмӯи тамоми омилҳои ҳаёти иҷтимоӣ равона гардида, бештар дар шакли донишҳои дунявии фалсафӣ, илмӣ, сиёсӣ ва ғайра зоҳир мешавад. Дар фалсафаи атиқаи юнонӣ онҳоеро атеист меномиданд, ки парастиши худоҳои расмиро рад мекарданд. Ҳатто аввалин масеҳиёни Румро низ ба атеизм айбдор мекарданд, зеро яккахудойи (монотеизм)-и насронӣ бисёрхудойи (политеизм)-и мавҷударо, ки мебоист ҷойгузини он мешуд, рад карда буд.

Рамзи атеизм, ки дар озмуни Алянси умумиҷаҳонии атеистҳо пирӯз гаштааст
Тасмаи ҳамраъйии атеистҳо
Людвиг Фейербах
Людвиг Фейербах
Карл Маркс
Карл Маркс

Таърих

вироиш

Агар ба таърихи қадимтарини теизм назар андозем, аввалин унсурҳои андешаи зиддидинӣ дар осори адабӣ ва фалсафии сумериён (шумериён), бобилиён, Эрони бостон ва Ҳинду Мисри Қадим дар ҳазораҳои 3-2 то милод — «Гуфтугӯи хоҷа бо ғулом», «Суруди уднавоз», «Суҳбати маъюс бо рӯҳи худ», ақидаҳои зарвонию даҳрӣ ва локаята, ки моҳиятан ба эътиқод ба қувваҳои фавқуттабиӣ мухолиф буданд, ба назар мерасид. Ҳамаи ин таълимоти дорои унсурҳои атеистӣ бештар хусусияти «арзёбии масъала» доштанд ва аксар афроде, ки атеист номида мешуданд, на ба маънои томи калима атеист буданд. Файласуфони табиатгаро то аҳди Суқрот худро инкоркунандаи Худо намедонистанд, вале онҳо аз назари дониши суннатии асотирӣ «бехудо» тасвир мешуданд. Зеро онҳо офариниши оламро на аз тариқи асотир, балки ба таври нахустмодда шарҳу таъбир менамуданд. Дар Юнони Қадим баъзе файласуфон, аз ҷумла Демокрит (Зимиқротис), софистон (Протагор, Гортий), Эпикур ва намояндагони мактаби ӯ дар мавқеи мустаҳками атеизм истода буданд.
Дар асрҳои миёнаи ибтидоии Ғарб ҷой барои теизм вуҷуд надошт. То вақте ки низоми аҳкоми догматикии яккахудойии масеҳият дар ақидаҳои кайҳоншиносӣ бартарӣ дошт ва асоси фарҳангии ягона дониста мешуд, онҳое ки ба тарзи дигар фикр мекарданд, дар чаҳорчӯби теизм монда буданд. Ба муқобили дини ҳақиқӣ «ортодоксҳои дурӯғин» — мулҳидон меистоданд. Вақте ба воситаи ақл дарки Худовандро имконпазир шумурданд (Анселми Контербери ва Фомаи Аквинӣ) худоношиносӣ мазмуни инкори мавҷудияти офаридгор ба унвони «сабаби аввалин ва ғайримоддӣ»-и олами ҳастиро ба худ касб кард. Дар асрҳои миёнаи Шарқ, ақидаҳои зиддидинӣ ва озодандешӣ, хусусан танқиди хурофотпарастӣ дар ақоиду афкори файласуфону мутафаккирон, аз ҷумла дар байни мардумони ориёие, чун Ибни Ровандӣ (Дар оғоз аз бузургтарини имомон шинохта мешуд, вале баъдан ҳамчун бузургтарин бехудои торих, машҳур бо номи Риндӣ, Ринд (- ин истилоҳ аз номи ӯ сарчашма мегирад!) ва Аҳмади зиндиқ-атеист), Эроншаҳрӣ, Ибни Муқаффаъ (Рӯзбеҳ пури Додбеҳ), Ихвон-ус-сафо (Ёрони озода: гурӯҳи файласуфони озодандеши эронинажод), Закариёи Розӣ, Абуҳайёни Тавҳидӣ, Хайём, Пури Сино ва Берунӣ дида мешуданд.

 
Паҳншавии атеизм дар кишварҳои ҷаҳон (раъйдиҳии соли 2006)

Атеизми давраи нав

вироиш

Дар давраи нав омилҳои ҳалкунандае, ки мазмуну моҳияти атеизмро муайян мекарданд, ба вуҷуд омадани донишҳои илмӣ ва ташаккул ёфтани ҷомеаҳои шаҳрвандӣ буданд. Атеизм бо ду масъалаи муҳим дар ин давра рӯ ба рӯ шуд: оё тасвири илмии олам барои Худо ҷой мегузорад? Чӣ гуна эътиқод ба Худои насронӣ ба инсони озоду дорои масъулият мувофиқат мекунад? Меҳвари асосии танқиди дин ба масъалаи нақши дин дар ҷомеа равона шуда буд. П. Бейл бори аввал фикри имкони мавҷудияти ҷомеаи ахлоқии иборат аз атеистонро баён намуд. Волтер баръакс, изҳор намуд, ки бидуни дин тартиботи ҷамъиятӣ имконпазир намебошад. Инқилоби фаронсавии охири садаи XVIII зери ливои атеизми сиёсӣ гузашт, вале «инсони бофарҳанг» на фақат атеист, балки деист ва ё агностик буда метавонад. Муҳим он аст, ки дин ба ақл муқобил набошад ва ҷавобгӯи табиати инсон бошад. Барои афзоиши таъсири атеизм дар давраи «Маорифпарварӣ» тасвири механикии олам нақши муҳим бозид. Теизми насронӣ ба деизм табдил ёфт, ки мувофиқи он Худо ҳамчун нахустмабдаъ эътироф мешуд, вале он ба падидаҳои табиату ҳодисаҳои ҷамъият дахолат намекард. Иттиҳоди материализм бо механизм материалистони садаи XVIII Фаронсаро ба атеизмии радикалӣ кашид.
Дар фалсафаи интиқодии И. Кант, фалсафаи таърихи И. Г. Гердер, пантеизми Спинозаи Ф. Шлейермахер ва И. В. Ҳёте сухан на дар бораи инкори Худо, балки дар бораи тариқаи дарк намудани он андар миён буд. И. Г. Фихте дар «Баҳс дар бораи атеизм» ном асараш Худоро бо «низоми ахлоқии олам» айният дод. Вақте ки романтизми классикӣ ва идеализми олмонӣ (Ф. В. Шеллинг) ба тавсифи фалсафии теизм наздик мешуд, атеизм дар ҷараёнҳои нави фалсафии А. Шопенгауэр (фалсафаи ирратсионалӣ) ва Л. Фейербах (материализми антропологӣ) замина пайдо мекард. Пас аз Л. Фейербах К. Маркс низ гуфта буд, ки Худо инсонро ва инсон Худоро ба вуҷуд меоварад. Вале К. Маркс назари дигареро низ нисбат ба дин пешниҳод намуд: инсон бояд на ҳамчун махлуқи табиӣ, балки ҳамчун махлуқи иҷтимоӣ арзёбӣ шавад.
Баробари марксизм позитивизм (О. Конт, Г. Спенсер) низ ба инсон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ баҳо дод. Дар амри 19 атеизми дорои хусусияти табиӣ-илмӣ, ки пеш аз ҳама ба илми биология ва дарвинизм асос ёфта буд, интишор ёфт. Он дар шаклҳои материализми омиёна (Г. Бюхнер, К. Фохт), агноститсизм (Т. Г. Гексли), монизм (Э. Геккел) зуҳур ёфт ва ҷараёни мазкур бо раванди тараққиёти нобаробари модернизатсияи ҷамоаи аврупоӣ сахт алоқаманд буд. Дар садаи XX атеизм, аз як тараф, таълимоти экзистенсиализм (аз Нитше ба Ж. П. Сартр ва А. Камю), аз тарафи дигар, материализми диалектикӣ рушду нумӯ кард ва қисми таркибии идеологияи марксистӣ гардид.
Дар таҳқиқоти муосир атеизм аз ҷиҳати замон ба марҳалаҳои таърихӣ ҷудо гардида, аз ваҷҳи типологӣ бисёрпаҳлу шарҳу эзоҳ дода шудааст. Ҳоло теизми амалӣ ва назариро аз ҳам фарқ мекунанд ва охириро шомили атеизми илмӣ, гуманистӣ ва сиёсӣ медонанд. Навъи аз ҳама бештар интишорёфтаи атеизм ба эътиқоде асос ёфтааст, ки мувофиқи он дар оламе, ки табиату ҷамъият тафсири илмӣ дошта бошанд, барои Худо ҷой нахоҳад монд: инкишофи илм дар замони шӯравӣ Худоро ба унвони фарзияҳои илмӣ, ҷомеашиносию фалсафӣ қаблан рад мекард. Чунин атеизм хосси ҷаҳонбинии материалистӣ ва атеизми услубшиносӣ аст, ки усули тасвири илмии оламро дар худи ӯ ҷустуҷӯ менамояд. Неопозитивистон низ гумон мекарданд, ки ҳукми тасдиқ ва ё рад кардани мавҷудияти Худо ба дин дахолат нахоҳад дошт (Р. Карнап, М. Шлик). Навъи дигари атеизм дарки оламеро созмон додан мехоҳад, ки дар он инсон ҳам эҷодгари худ ва ҳам эҷодгари таърихи хеш бошад. Чунин тарзи идроки олам метавонад дарки оқилона бошад, ки инсон ба дастовардҳои илмӣ такя карда, худаш масъалаҳои ҳастии хешро ҳаллу фасл хоҳад кард (Б. Рассел). Мазмуни атеизм озод шудани инсон аз таъсири Офаридгор аст: дар он инсон бояд аз Худованд озод шуда, тақ­дири худро ба дасти хеш гирад (Нитше); агар Худо вуҷуд дошта бошад, инсон вуҷуд надорад (Сартр, Камю); бовар ба Офаридгор озодии ахлоқиро инкор мекунад ва бо арзишҳои ахлоқӣ созгор намебошад (Н. Гартман). Ва боз навъҳои дигари атеизм низ мавҷуд аст. Вале имрӯз усулҳои қонеъ намудани талаботи маънавии инсон, тарҳрезӣ ва тадвини арзишҳои фарҳангӣ ва танзими рафтори одамон ва ғайра аз ҳудуди баҳси «теизму атеизм» берун рафта, тадриҷан ин мафҳумҳо ба мафҳуми умумии фарҳанг дохил гардида, дар доираи он ҳаллу фасл хоҳанд шуд.[3]

  1. ἄθεος Henry George Liddell. Robert Scott. A Greek-English Lexicon. revised and augmented throughout by. Sir Henry Stuart Jones. with the assistance of. Roderick McKenzie. Oxf.: Clarendon Press. 1940.
  2. Greek Dictionary Headword Search Results θεός — god
  3. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Д.: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.54-55 / М. Ҳазратқулов, Г. Зокиров.

Адабиёт

вироиш
  • Атеизм в СССР: Становление и развитие. М., 1986;
  • ReoingM. Ledzamedelhumanismeathee. p. Missing parameter/s! (Template:P.), 1965;
  • Lacroix j. The Meaminq of modern Atheism. Dublin, 1965;
  • Ley H. Geschichze dez Anfklazunq und des Atheismus. Bd. 1 — 5. B., 1966—1989;
  • Baggini J. Atheism: A Very Short Introduction. Oxf.: Oxford University Press, 2003;
  • Martin Michael. The Cambridge Companion to Atheism.Cambridge University Press. 2006.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш