Атиқаи Ҳофиз
Атиқаи Ҳофиз (форсӣ: عتيقه حافظ), Атиқа бинти Шуҷоъ (816—880, Бағдод) — овозхон ва навозандаи машҳури мактаби мусиқии Бағдод. Аз муҳоҷирони эронитабор, сарояндаи ашъор, осори асотирӣ, таърихӣ ва ситоишӣ.
форсӣ: عتيقه حافظ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | Атиқа бинти Шуҷоъ |
Таърихи таваллуд | 816 |
Зодгоҳ | Бағдод |
Таърихи даргузашт | 880 |
Пеша(ҳо) | овозхон, навозанда |
Зиндагинома
вироишАсосҳои мусиқиро аз устодони эронитабори мусиқӣ Исҳоқи Мавсилӣ, Мансури Залзал ва дигарон омӯхтааст. Ӯ аввалин занест, ки ҳамчун сарвари Мактаби мусиқии Бағдод як силсила мутрибаҳо (Данонир, Олия, Ҳабиба, Салома ва ғайра)-ро тарбия намудааст. Антиқаи Ҳофиз сабки иҷроии хешро дар заминаи анъанаҳои мусиқии мардуми эронинажод устувор намуда, барои такмили ҳунараш бо мусиқидонони аҷамӣ қаринӣ дошт. Чанд муддат барои омӯзиши мусиқӣ ба кишварҳои Аҷам сафар карда, роҳу равиши созу овози мардуми онро меомӯзад. Аз муқаллидони сабки аҷамӣ аст, ки арабҳо ӯро «муқаллид-ул-аҷамӣ» номидаанд. Дастаи бонувони ҳунарвари таъсисдодаи ӯ низ аз муҳоҷирони эронӣ буданд. Антиқа дар мусиқӣ пайравони зиёде дошт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Атиқаи Ҳофиз // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Раҷабов А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён. Душанбе, 2000;
- Раҷабов А. Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ. Душанбе, 2008.